24-уми март — Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил мебошад. Мақсад аз он баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар хусуси паҳншавии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад. Ин беморӣ чӣ гуна аст ва онро чӣ тавр метавон пешгирӣ намуд?
Бемории сил сироятӣ буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад. Сил бемории табобатшаванда аст ва дар ҳолати табобати пурра шахс комилан шифо меёбад.
Мубориза бар зидди бемории сил ҳамеша дар мадди назар қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешавад.
Ба тавсияи табибон, наврасони аз 15-сола боло ва калонсолон бояд ҳар сол шушашонро ташхис намоянд, хуб ва мунтазам ғизо истеъмол намоянд. Дар рӯйхати хӯрокҳо ҳар рӯз бояд 100-150 грамм маҳсулоти аз сафеда бой бошад ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, кор ва истироҳатро дуруст танзим намоянд.
Ба таъкиди табибони соҳа, ҳар шахс барои пешгирӣ намудани ин беморӣ бояд аз тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ карда, бояд ба варзиш машғул шавад ва бештар дар фазои тоза сайру гашт намояд.
Ҳамзамон дар ҳолати гирифтории ягон узви оила ба ин беморӣ тавсия дода мешавад, ки тамоси кӯдакони хурдсолро бо бемор истисно намуда, кӯшиш намоянд, ки беморро то ҳадди имкон ҷудо нигоҳ доранд ва тамоми ашёи ӯ, кати хоб ва табақчаҳои ӯро бодиққат дезинфексия намоянд.
Бемории сил табобатшаванда буда, шарти асосии раҳоӣ ёфтан аз он табобати пурра ва дурусту саривақтӣ мебошад. Зеро мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.
Аломатҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд.
З.ЛАТИФ
