Ҳақиқат ин аст, ки дар картошка нахҳо, витаминҳои C ва B6 мавҷуд аст, ки барои дили солим заруранд. Картошка барои паст кардани сатҳи холестирин кӯмак мекунад. Ин хатари басташавии рагҳои хунро пешгирӣ мекунад.
Витамини B6 бошад, ҷамъшавии ҳомосистеинро дар бадан пешгирӣ мекунад, зиёдатии он боиси вайрон шудани рагҳои хун мегардад.
Фосфор, оҳан, калтсий, руҳ ва магний саломатии устухонҳоро дастгирӣ мекунанд. Хӯрдани картошка метавонад барои пешгирӣ ва бартараф кардани депрессия ва стресс кӯмак кунад.
