Ovozi.uz

Сардор Нуриллоев дар мусобиқаи “Кулоҳи бузург” маротибаи шашум ба шоҳсуфа баромад

Дзюдочии самарқандӣ Сардор Нуриллоев дар мусобиқаи “Кулоҳи бузург”, ки дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон мегузарад, дар тоифаи вазни -66 килограмм соҳиби медали нуқра гардид.
Ҳамдиёрамон дар баҳси чемпионӣ имкониятро ба дзюдичӣ ИванЧерних, ки дар мақоми нейтрал (бетараф) иштирок кард, бой дод ва мусобиқаро дар ҷойи дуюм ба поён расонд.

Ин медали шашуми Нуриллоев дар мусобиқаи “Кулоҳи бузург” мебошад. Инчунин, вай барои рейтинги ҷаҳон ва Париж-2024 соҳиби 700 хол аст.