Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳар сол дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ниҳолҳо шинонда мешаванд. Дар асл ин одат дирӯз пайдо нашудааст, балки анъанае мебошад, ки аз додову бобоҳоямон то ба мо омадааст.
Дар вилоятамон дар мавсими баҳори имсола шинондани 10 миллиону 208 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст. То санаи 18-уми март 1 миллиону 314 ҳазор бех (13 фоиз) ниҳолу бутта шинонда, ба платформаи электронӣ дохил карда шуд. То охири соли ҷорӣ дар 28,4 гектар замини 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят «Боғи сабз» бунёд карда мешавад. Барои ин заминҳо интихоб ва қарорҳои Шӯроҳои маҳаллӣ қабул гардидаанд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби ҳокимиятҳои 16 шаҳру ноҳия 34-то «Боғи ҳокимият» бунёд хоҳад шуд. Барои ин аз ҷониби ҳамаи ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 10,56 гектар замин ҷудо гардидааст.
То имрӯз ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам дар 0,5 гектар замин 450 бех ниҳол ва ҳокимияти ноҳияи Нарпай дар 0,5 гектар замин 350 бех ниҳол шинонда, «Боғҳои ҳокимият» ташкил намуданд.
Аз ноҳияи Самарқанд 6 гектар, аз ноҳияи Тайлоқ 0,5 гектар, аз шаҳри Каттақӯрғон 0,5 гектар, аз шаҳри Самарқанд 1 гектар замин интихоб ва бо мақсади бунёди «Камарбанди сабз» қарорҳои Шӯроҳои маҳаллӣ қабул гардиданд.
Дар вилоят то охири соли ҷорӣ дар 64,15 гектар замин «Паркҳои ҷамоатии сабз» барпо мегарданд. Оид ба ин, қарори ҳокими вилоят ва қарорҳои сессияи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қабул ва ба вазорат тақдим карда шудааст.
Аз ҷониби 58-то корхонаҳои саноатӣ 75 ҳазор бех ниҳоли дарахт шинонда шуда, «Камарбандҳои сабз» ташкил карда мешаванд. Имрӯзҳо оид ба таъсири он ба гирду атроф, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ 15 ҳазору 420 бех ниҳолҳои дарахту бутта шинонда шуданд.
Шералӣ Искандаров
«Макони сабз»: дар баҳор 10 миллиону 208 ҳазор бех ниҳол
