Дар фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд ҳангоми аз назар гузаронидани нафаре, ки ба воситаи хатсайри «Дубай-Самарқанд» вориди фурудгоҳ мешуд, ҷомадони ӯро аз ҷониби ходимони гумрук ва холисон аз назар гузаронида шуд. Дар ҷомадони ӯ ашёҳои дар деклататсия нонавишта ва аз норма зиёд, ба қимати 96 миллион сӯма, яъне 192 грамм ашёҳои тилло, ки бо роҳи хуфёна меовард, фош гардид. Ҳоло аз рӯи ҳолати мазкур аз тарафи идораҳои боҷхонаи вилоят корҳои тафтишотӣ мебаранд. Хотиррасон мекунем, ки аз рӯи қонун ба воситаи фурудгоҳ, аз сарҳадии гумрук шахсони ҷисмонӣ бепардохт метавонанд ба миқдори 65 грамм металҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёҳои заргариро ворид кунанд.
Дар фурудгоҳи Самарқанд ашёҳои заргарӣ пешгирӣ карда шуданд
