Хонае, ки дар он китоб нест, чун танест, ки дар он ҷон нест.
Ситсерон
Китобҳо олами махсус, озода ва накӯе мебошанд, ки дар он имкони хушбахтона зистани мо вуҷуд дорад.
Волтер
Тамоми зиндагии инсоният дар китобҳо дарҷ шудааст: қабилаҳо, халқҳо, кишварҳо нест шуданд, вале китоб боқӣ монд.
А.И. Гертсен
Китобро дӯст доред, китоб ҳаёти шуморо сабук мегардонад, барои пайдо кардани сари риштаи фикру андеша ва ҳодисаҳои сарбаста дӯстона кӯмак мекунад, ба шумо эҳтиром кардани инсон ва худи шуморо меомӯзонад, ақлу дили шуморо бо ҳисси муҳаббат ба олам ва инсоният пару бол мебахшад.
М. Горкий
Илму фан набвад, агар набвад китоб,
Ҷаҳл бигрезад, чу пайдо шуд китоб.
Маҳмуди Тарзӣ
Китоб аст оинаи рӯзгор,
Ки бинӣ дар он розҳо ошкор.
Чунин ҳамнишин гар ба даст оварӣ,
Нашояд, ки бигзорию бигзарӣ.
Бадеъуззамон Фурӯзонфар
Дӯст доштани мутолиа лаҳзаҳои ғамгиниро, ки дар ҳаёт ногузиранд, ба лаҳзаҳои лаззати бузург иваз мекунад.
Монтеске
Одамон агар мутолиа накунанд, аз фикр кардан ҳам мемонанд.
Д. Дидро
Нафаҳмида мутолиа кардан, бо мутолиа накардан баробар аст.
Я. Каминский
Мутолиа барои фикрронӣ, ба мисли тарбияи ҷисмонӣ барои бадан аст.
Ҷ. Аддисон
