Ovozi.uz

Ба ҷавонони пастдарғамӣ 742 гектар замин медиҳанд

Вохӯрии навбатии сардори садорати вилоятии Хизмати амнияти давлатӣ бо ҷавонон дар ноҳияи Пастдарғам баргузор гардид.
Иштирокчиёни он дар оғози вохӯрӣ намоиши маҳсулоти соҳибкорон ва ҳунармандони ҷавонро аз назар гузаронданд. Сипас, муроҷиат ва пешниҳодҳои ҷавонони пастдарғамиро роҷеъ ба масъалаҳои фароҳам овардани шароит барои соҳибкорӣ, ҷудо кардани замин, таъмин бо кор, шуғл бо варзиш, китобхонӣ ва саводнокии компутерӣ шуниданд.
Аз ҷумла, омӯзгори мактаби рақами 51-и маҳаллаи «Оқ олтин» гуфт, ки азбаски дар маҳалла шавқмандии ҷавонон ба варзиш бисёр буд, маҳфили дзюдо ва барои пиронсолон маҳфили офияти саломатӣ (реабилитатсия) ташкил кардааст. Вай барои идомаи кор ва сохтмони толори варзишӣ ёрӣ пурсид.
Сокини маҳаллаи «Меҳнат» Фатҳулло Нурмонов соли гузашта барои шуғл бо деҳқонӣ 30 хол замин гирифтааст. Ҳоло 10 нафар коргари мавсимӣ дорад.
Ба қарибӣ дар Олмон такмили ихтисос карда баргашт. Акнун фаъолияташро васеъ карданӣ аст. Бинобар ин вай замини иловагӣ пурсид.
Масъулон ваъда доданд, ки арзи ӯро омӯхта, ба таври дахлдор ёрӣ хоҳанд дод.
Дар вохӯрӣ аксари ҷавонон асосан дар масъалаи ҷудо кардани замин муроҷиат карданд. Масъулони ҳокимияти ноҳия маълумот пешкаш намуданд, ки соли равон ба ҷавонон барои ташкил кардани фаъолияти тадбиркорияшон кӯмак мерасонанд.
— Соли равон 742 гектар заминро, ки дар захираи ҳокимияти ноҳия аст, барои ташкил кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷавонон медиҳанд, — гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об Б. Ёқубов. — Дар ноҳия 107_то маҳалла ҳаст. Аз рӯи сектор ба ҷавонони бекор, ки хоҳиши аз замин истифода бурданро доранд, замин дода мешавад.
Дар давоми тадбир масъалаҳои таълими ҷавонон ба касбу ҳунар, босамар ташкил кардани вақти холӣ ва шуғли онҳо муҳокима гардида, ба ҷавонони фаъол китобҳо тӯҳфа гардид.

Ф.РӮЗИБОЕВ