Ovozi.uz

Партовро ба ҳар куҷо напарто!

Рӯзе дар Хиёбони донишгоҳ бо чанде аз ҳамкурсон саргарми сӯҳбат будем, ки пирамарде асозанон аз пеши мо чанд қадам гузашта, бозистод. Оҳиста хам шуда, аз замин баклашкаи холиеро гирифту ба қуттии партоби канори роҳ андохт ва роҳи худро идома дод. Пас аз чанд лаҳза яке аз чор-панҷ нафар ҷавонон, ки дар даст нӯшокии ташнагишикан дошт, ду-се қадам гузашту баклашкаро ба канори роҳ, рӯйи сабзаҳо ҳаво дод. Мо, дугонаҳо дар як лаҳза гувоҳи тазоди аҷибе шудем: пирамарди тозакору ба табиат ғамхор ва ҷавонони зиёнкору ба экология беэътибор.
Вақте, ки мо дугонаҳо рафтори ҷавононро муҳокима мекардем, зани хизматчӣ омада, баргу пасмондаҳоро рӯфта, қуттиҳои партовро тоза мекард. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту аз хола дар бораи маданияти партовпартоии одамон пурсидам.
— Чӣ ҳам мегуфтам, — бо тааҷҷуб кифт дарҳам кашид Мавлуда Солеева. — Дар урфият «биринҷ бекурмак намешавад» мегӯянд. Одамон ҳам ҳамин хел. Баъзеҳо хидмати моро қадр мекунанд, эҳтиром менамоянд. Лекин аксарият на танҳо ба меҳнати мо, балки ба тозагии муҳити зисту экология ҳам бепарвоанд. Қисми асосии онҳо ҷавонон мебошанд. Рӯзе як ҷавон дар пеши чашмам чанд коғази бекораро рӯйи роҳ партофт. Бо нармӣ гуфтам, ки «коғазҳоро ба қуттии партов партоед, нағз мешуд». Ҷавоби дағалонаи вай «ман коғазҳоро дар қуттии партов партоям, шумо чӣ кор мекунед? Давлат барои ҳамин кор ба шумо маош медиҳад?» буд. Ин беэҳтиромӣ на танҳо ба мо, балки ба экология, озодагии табиат аст. Кош, мардуми мо партови худро ба ҳар куҷо намепартофтанд.

Лайло БАХТИЕВА,
донишҷӯ