Дар тӯли зиндагии ҳар як ҷавонмард чунин лаҳзаҳое вуҷуд дорад, ки дар он садоқати вай нисбат ба халқу Ватани худ аз санҷиш гузаронида мешавад. Дар як сӯ ҳасрати дидори падару модар ва хонаводааш, дар ҷониби дувум — вазифаи ҳифзи осоиштагии кишвар мебошад. Бидуни шубҳа, хидмати ҳарбӣ — ҷои обутоб ёфтани ҷавонҳои далер аст.
Бо қарори дахлдори Президентамон дар ҷумҳурӣ моҳҳои март-апрели соли равон мавсими ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шаҳрвандон гузаронида мешавад.
Дар вилоятамон низ гурӯҳи аввалини даъватшудагоне, ки аз санҷишҳои муайяншуда бо муваффақият гузаштаанд, ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Дар пункти ҷамъшавии Садорати корҳои мудофиаи вилоят барои садҳо нафар ҷавонҳои далери ба адо намудани вазифаи худ дар назди Ватан сафарбаршуда тадбири бошукӯҳ ташкил гардид.
Дар он ҷонишини якуми фармондеҳи Округи ҳарбии марказӣ Қ. Очилов, роҳбари Садорати корҳои мудофиаи вилоят Б. Қувватов, вакилони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва падару модарон иштирок намуданд. Ба сухан баромадагон оиди масъулият ва шарафи хидмати ҳарбӣ ҳарф зада, ба камарбастагони хизмат иродаи мустаҳкам, матонат, қувват ва ғайратро таманно карданд.
Ба даъватшудагон тӯҳфаҳои хотиравии ҳокими вилоят супурда шуд.
Ҷавонон дар хизмати ҳарбӣ обутоб меёбанд
