Имсол — 15_уми феврал ба бароварда шудани контингенти маҳдуди низомиёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон 35 сол пур шуд. Дар муддати 10 соле, ки сарбозон дар ин сарзамини ҳамсоя хизмати интернатсионалии худро ба ҷо меоварданд, аз Самарқанди мо 7,5 ҳазор нафар ҷавонон низ сафарбар карда шуданд. Дар байни онҳо 33 нафар занону духтарон ҳам буданд. Онҳо асосан дар госпитал, идораи қисмҳои ҳарбӣ ва ошхонаи афсарон хизмат мекарданд.
Дар ин ҷанг 165 нафар ҳамдиёрони мо шаҳид гаштанд. Якчанд нафар ногиро шуда омаданд. Албатта, як қисми онҳо баъди бозгашт бар асорати ҷанг барвақт аз олам чашм пӯшиданд. Ҳоло қариб 6300 нафар дар қайди ҳаётанд.
Бахшида ба муносибати 35_солагии аз хоки Афғонистон бароварда шудани низомиёни байналмилалчӣ дар деҳаву маҳалла ва ноҳияҳо чорабиниҳои гуногун ташкил карда шуд. Бо мактаббачагон вохӯриҳо баргузор гардид. Инчунин, аз ҳолу аҳволи ҷанговарони собиқ хабар гирифта, беморонро аёдат кардем. Ба қабристонҳо рафта, рӯҳи поки гузаштагонро бо қироати оятҳои раббонӣ шод гардондем.
Ба ҳамин муносибат дар тарабхонаи «Садаф»-и шаҳри Самарқанд барои 300 нафар дастархон ороста шуд. Дар он ҷо иштирокчиёни ҷанги Афғонистон он рӯзҳои мудҳиши хизматашонро ба ёд оварданд, аз таҳти дил бо якдигар, ки чандин сол боз надида буданд, сӯҳбат карданд. Ҳамаи инҳо ба ҷанговарони байналмилалчӣ ҳурмату эҳтироми халқамонро нишон медиҳад.
Мо ҳазорҳо маротиба шукрона мегӯем, ки аз ин ҷанг сиҳату саломат ба хонаҳоямон баргашта, зиндагонии осоиштаи худро давом додем. Дар соҳаҳои гуногун кор карда, ба пешрафти мамлакат ҳисса гузоштем. Бо гузашти солҳо фарзанду наберадор шудем. Ҳоло ҳам баъзеҳо кор мекунанд. Дигарон фарзандону набераҳоро дуои нек карда, шукронаи ин замони тинҷу осоиштаро ба ҷо меоранд.
Халилҷон ИБРОҲИМОВ,
ҷонишини раиси Шӯрои вилоятии Иттиҳодияи ногиро ва ҷангчӣфахрии «Ветеран»-и Ӯзбекистон.
