Ovozi.uz

Тарбияи наврасон кори осон нест

Аксарияти донишомӯзон мактабро хатм намуда, ба муассисаҳои таълими олӣ ҳуҷҷат месупоранд. Замоне буд, ки бис­ёрии онҳо ихтисоси омӯзгориро интихоб мекарданд. Чунки дар ҷамъият мавқеъ ва обрӯи омӯзгор баланд буд. Бо гузашти солҳо ва сабабҳои гуногун он хеле паст рафт. Ҳоло дар ҷумҳурии мо бо сарварии Президентамон барои ислоҳи чунин вазъият зина ба зина чораҷӯиҳои назаррас аз қабили то ба 1000 доллар баробар кардани маоши омӯзгорон, эълон шудани «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат», қабули қонунҳо роҷеъ ба таълими халқ ва омӯзгорон амалӣ мегарданд ва нақшаҳо оянда дар ин самт муайян шудаанд.
Мо омӯзгорони собиқадор низ ба таҷрибаи худ такя карда, оиди ин масъала чанд мулоҳизаи худро пешниҳод намудем:

  1. Ташкил кардани маҳфилҳо барои донишомӯзони пешқадам ва сустхонҳо дар алоҳидагӣ ва барои омӯзгори маҳфил бештар аз музди соати дарсӣ ё ки ақаллан ба он баробар ҷудо кардани маблағ зарур аст.
  2. Оилаҳое ҳастанд, ки ба қадри таълим намерасанд, намехоҳанд фарзандҳояшон ба мактаб раванд ва онҳоро машғули дигар амалҳо мекунанд. Бо ин гуна оилаҳо ҳамкории маҳалла, собиқадорони бо таҷрибаро роҳандозӣ бояд кард.
  3. Омӯзгоронро дар навбати аввал ба чораҷӯӣ ва маъракаҳое, ки дар маҳалла баргузор мешаванд, бояд таклиф кард ва эҳтиром нишон дод, то ки падару модарон ва дигар сокинони маҳалла ҳурмати баланд доштани онҳоро бинанд. Сипас, ният кунанд, ки «фарзандам дар оянда муаллим шавад».
  4. Омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба дар чораҷӯӣ ва ҷамъомадҳое, ки дар сатҳи маҳалла, шаҳру ноҳияҳо ва аз онҳо болотар баргузор мешаванд, суханронӣ кунанд. Ташкилотҳои мутасаддӣ иштироки фаъолонаи онҳоро дар барномаҳои радио ва телевизиони вилоятиву ҷумҳурӣ дастгирӣ кунанд, то ки заҳмати муаллим, меҳнати фидокорона ва пуршарафи ӯ дар роҳи тарбияи насли наврас ба ҳама аён гардад. Инчунин, ташкили барномаҳои «Машъалафрӯз», «Ҳаёти мактаб» ва амсоли онҳо бо иштироки омӯзгорони оддии шуҷоатнок мувофиқи мақсад аст.
  5. Ҳамкории мактабро бо падару модарон ва маҳалла вусъат дода, дар мактаб фаъолияти кумитаи падару модарон беҳтар карда шавад. Ба он вакилони фаъоли касбу корашон гуногун, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти ташкилотчигӣ доранд, аъзо кунанд ва имконияти иштироки бо навбати онҳо дар дарсҳо ҳамчун мушоҳид ташкил карда шавад.
  6. Барои тарбияи фарзандон аввало падару модарон фаъол ва намуна бошанд. Дар оила дар рӯҳияи хислатҳои неки инсонӣ чун ростгӯӣ, ҳалоливу покӣ, кӯшишу шуҷоатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, сарфакорӣ, китобдӯстӣ ва ғайра тарбия карда шаванд.
    Баъди таваллуди фарзанд масъулияти тарбияи вайро дарк карда, ба тарзи зиндагии солим эътибор диҳанд. Тарбияи наврасон кори осон нест. Бинобар ин волидон ҳамеша дониши худро оиди тарбияи фарзанд васеъ кунанд. Инчунин, бо муассисаҳои таълимӣ доимо ҳамкорӣ намоянд.

А.АЪЛАМОВ,
собиқадори таълими халқӣ
Н.РОФЕЕВ,
ҷонишини директор оид ба корҳои таълимиву
тарбиявии мактаби рақами 62‑и шаҳри Самарқанд