Ovozi.uz

Назорати ҷамоатии иҷрои қарор роҳандозӣ мешавад

Раисҷумҳури Ӯзбекистон 28 уми марти соли равон қарорро «Дар бораи чораҳои амалӣ кардани лоиҳаи (зинаи дуюм) «Ривоҷдиҳии маҷмӯии маҳалҳои деҳот» бо иштироки «Бонки тараққиёти Ислом» имзо кард.
Дар доираи қарор бо мақсади беҳдошти шароити зисти аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии он ба воситаи беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-­иқтисодии маҳалҳои аҳолинишини деҳот, ривоҷдиҳии маҷмӯии маҳалҳо, инфрасохтори роҳ-нақлиёт, шабакаҳои муҳандисӣ-­коммуникатсионӣ, барпо кардани объектҳои соҳаи иҷтимоӣ дар 10 то ноҳияи вилоятамон амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳо муайян шудааст. Дар натиҷаи он шароити зисти 210 ҳазор аҳолӣ, ки дар 16 то маҳаллаи асосӣ ва 26 то ҳамшафати онҳо зиндагӣ мекунанд, хуб мешавад.
Масъалаи таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар қарор муайян шудааст, бо сарварии ҳокими вилоят Э. Турдимов ва масъулони дахлдор муҳокима гардид.
— Дар қарор пешбинӣ шудааст, ки дар солҳои 2024–2028 дар вилояти мо 19 то мактаб, 14 то ташкилоти таълими томактабӣ, 10 то шифохонаи оилавӣ сохта мешавад, — гуфт Э. Турдимов. — Инчунин, 16 километр хати оби ошомиданӣ, наздик ба 27 километр шабакаҳои электр гузаронида мешавад. Беш аз 122 километр инфрасохтори роҳ хубтар мешавад. Ҳамаи ин ифодаи барҷастаи ислоҳотҳое аст, ки дар диёрамон қадри инсонро баланд мебардоранд ва дар роҳи ризоияти халқ амалӣ мегарданд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як шахси мутасаддӣ ин вазифаҳоро саривақтӣ, босифат, ҳалолу пок иҷро кунад.
Дар мулоқот аввал вазъи шиносоии масъулон бо қарори мазкур, ҳолати муайян шудани нақша ва мақсадҳо баррасӣ гардид.
Масъулон вазифадор шуданд, ки дар муддати як моҳ аз рӯи мавзеъҳо «Харитаи роҳ»-ро таҳия карда, барои баррасӣ ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод кунанд. Зарурати батафсил таҳия кардани харитаи роҳ бо аҳолии маҳалла ва деҳаҳои муайяншуда таъкид карда шуд.
Ғайр аз ин, бо мақсади роҳандозии назорати ҷамоатӣ ва васеътар кардани сатҳи огоҳии аҳолӣ вазифаи ба таври доимӣ ба веб-сайт ва саҳифаҳои ҳокимиятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштан ва дар васоити ахбори умум эълон кардани маълумотҳо роҷеъ ба корҳое, ки дар доираи қарор амалӣ мешаванд ва сарфу хароҷоти онҳо муайян гардид.