Сардори Садорати вилоятии Хизмати амнияти давлатӣ А. Аҳмадов бо мақсади ҳал кардани муаммоҳои ҷавонон, шунидани пешниҳодҳои онҳо дар ноҳияҳои Оқдарё ва Булунғур «Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон»-ро ташкил кард.
Дар вохӯриҳо, ки бо иштироки роҳбарони секторҳо ва масъулони ташкилотҳои мутасаддӣ баргузор гардиданд, муроҷиатҳои беш аз 200 нафар ҷавононро роҷеъ ба фароҳам овардани шароит барои соҳибкорӣ, таъмини шуғл, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ шуниданд.
Дар вохӯрие, ки дар ноҳияи Оқдарё баргузор шуд, аввал сардори шӯъбаи ноҳиявии Агентии кор бо ҷавонон Маъруфхон Мӯсоев таъкид кард, ки 14‑то муроҷиати дар вохӯрии соли гузашта баёнкардаи ҷавонон ба таври мусбӣ ҳал шуданд.
— Дар ноҳияамон 35‑то маҳалла буда, дар онҳо 41 ҳазор нафар ҷавонони аз 14 то 30 сола зиндагӣ мекунанд, — гуфт М. Мӯсоев. — Дар оғози соли равон ҳангоми ба рӯйхат гирифтани ҷавонон 929 нафар ҷавони дар тоифаи вазнин ва 1667 нафар бекор муайян гардида, ба таъмини шуғли онҳо ва таълими касбу ҳунар роҳбарони секторҳо ва масъулони идораҳои ҳуқуқу тартибот вобаста карда шуданд. Инчунин, бо 768 нафар ҷавононе, ки дар муҳоҷират кор мекунанд ва волидайни онҳо вохӯриҳо гузарондем. Вобаста ба вазъи иҷтимоии ҷавонон «Дафтари ҷавонон» ташаккул дода шуд ва ба онҳо ёрӣ мерасонем.
Дар вохӯрӣ ҷавонони оқдарёӣ асосан дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ ва васеъ кардани он, ҷудо кардани замин, сохтани майдончаҳои варзишӣ, кушодани марказҳои таълимӣ ва таъмин бо кор муроҷиат карданд.
Аз ҷумла, сокини маҳаллаи Янгиқишлоқ Самандар Саъдуллоев гуфт, ки дар доираи лоиҳаи «Касбҳои оянда» фаъолияти ба тӯю маросимҳо хизматрасониро роҳандозӣ карда, чор нафар шахсро бо кор таъмин кардааст ва барои гирифтани медиа-таҷҳизот, инчунин дар маҳалла кушодани маркази таълими забони немисӣ кӯмак пурсид. Сардори садорат гуфт, ки дар ҳалли ин масъалаҳо бо ҳамкории ҳокимият ва ташкилотҳои дахлдор ёрӣ медиҳанд.
Дар вохӯрӣ бо ҷавонони булунғурӣ низ роҷеъ ба муроҷиатҳои ҷавонон чораҳо муайян гардида, масъулон вобаста карда шуданд. Аз ҷумла, сарвари ҷавонони маҳаллаи Килдон Беҳзод Лапасов ёдрас кард, ки сарварони ҷавонон дар маҳаллаи Янгиқишлоқ «Боғи ҷавонон»-ро ташкил кардаанд, вале он сохтори обёрӣ надорад ва барои иҳота кардани атрофи боғ ёрӣ пурсид. Ҳокими ноҳия гуфт, ки масъалаи мазкур баррасӣ гардида, муаммо ҳал хоҳад шуд.
— Соли гузашта дар «Вохӯрии роҳбар ва ҷавонон» барои васеъ кардани маркази таълимии худ кредити имтиёзнок пурсида будам, — гуфт сокини маҳаллаи Оқтеппа Соҷида Турдибекова. — Муроҷиатро ҳал карда, кредит доданд ва ҳоло дар маркази мо 500 нафар ҷавонон таҳсил мегиранд. Акнун бо мақсади дар байни ҷавонон ривоҷ додани IT ва китобхонӣ дар мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и бо конструксияҳои сабук маркази IT-и замонавӣ ва китобхона ташкил карданро мехоҳам. Бинобар ин, хоҳишмандам барои ҷудо кардани замин ёрӣ диҳед. Масъулон лоиҳаҳоро баррасӣ карда, маълум карданд, ки кӯмак медиҳанд. Агар нақшаи мо амалӣ шавад, ҳар сол то 200 нафар ҷавонон касбҳои IT-ро меомӯзанд.
Сокини маҳаллаи Килдони хурд Шокир Раҳматов изҳор намуд, ки ба қарибӣ аз Россия баргаштааст ва ҳоло бекор аст. Бинобар ин, барои оғози фаъолият мотокултиватор пурсид. Отабек Мамасолиеви янгиободӣ пас аз гирифтани таҳсил дар Кореяи Ҷанубӣ дар ноҳия маркази таълимӣ кушода, ҷавононро бо кор таъмин кардааст ва забонҳои корейсӣ, англисӣ ва русиро хуб медонистааст. Бинобар ин, барои васеъ кардани фаъолият бинои холӣ пурсид. Барои ҳалли муроҷиат масъулон вобаста гардиданд.
Сарвари садорат арзи ҳар як ҷавонмард ва духтаронро шунида, маълум кард, ки масъалаву мушкилиҳои онҳоро якҷо бо масъулони дараҷаи вилоят ва ноҳия, идораҳои дахлдор ҳал мекунанд.
Ф.РӮЗИБОЕВ.
