Рӯзи 4‑уми апрели соли равон дар Театри драмаи мусиқии вилояти Самарқанд маросими кушодашавии барномаи «Самарқанд — пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024» баргузор гардид.
Нахуст, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои маданияти байналхалқӣ Михаил Швидкой, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигарон оид ба шуҳрат ва мақоми ҷаҳонии Самарқанди бостонӣ ҳарф зада, лоиқи пойтахти фарҳангӣ будани онро эътироф намуданд.
— Ин бори аввал нест, ки Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳон эълон мегардад, — гуфт вазири фарҳанг О. Назарбеков. — Албатта, шаҳри Самарқанд ба ин мақом арзанда аст ва як замонҳо ба ин ном соҳиб ҳам буд. Мо бо ин шаҳр ифтихор мекунем. Дар соли равон аз ҷониби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба самарқандиён барномаҳои зиёд пешкаш карда мешавад. Аз ин рӯ, умедворем ҳама якҷоя дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Сипас, М. Швидкой ба ҳокими шаҳри Самарқанд Ф. Умаров сертификатеро тақдим намуд, ки дар соли 2024 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будани шаҳри Самарқандро тасдиқ менамояд.
— Самарқанд ба замми куҳанбунёдии худ ҳамчун яке аз шаҳрҳои таърихии ҷаҳон эътироф мешавад ва рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад, — гуфт М. Швидкой. — Тавре ки ҳамшаҳрии шумо самарқандиён — Рӯдакии бузург гуфта буд:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в‑аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Ин иқдом яке аз иқдомҳои накӯест, ки моро аз ҳар гуна талотумҳои замон эмин нигоҳ медорад ва ба пешравӣ ноил месозад. Таърихи чандҳазорсолаи Самарқанд гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёт ҳар қадар шарру бад бошанд ҳам, оқибат хайру хубӣ, дӯстиву бародарӣ, меҳру садоқат пирӯз мегарданд. Боиси ифтихори шумост, ки имсол Сарассамблеяи ЮНЕСКО низ на дар Порис ва на дар дигар шаҳри ҷаҳон, балки дар Самарқанд баргузор мешавад. Ҳамаи мо Самарқандро дӯст медорем ва ба ин шаҳр муваффақияту пешравиҳои нав ба нав таманно дорем.
Чорабинӣ бо барномаи консертӣ идома ёфт. Дар он сарояндагон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва кишварамон ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
