Ovozi.uz

Авфи 426 нафар дар арафаи ид

Шарҳ ба Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи авфи як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазоро мегузаранду ба кирдори худ аз таҳти дил пушаймон шудаанд ва ба таври қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузаштаанд»

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи Иди мубораки Рамазон ба сифати ифодаи дурахшони фазилатҳои олиҷаноби ба халқи мо хоси некӣ, фарохдилӣ, инсонпарварӣ, меҳру оқибат ва бахшидан, ба Қарор «Дар бораи афви як гурӯҳ шахсоне, ки муддати ҷазоро мегузаранду ба кирдори худ аз таҳти дил пушаймон шудаанд ва ба таври қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузоштаанд» имзо гузошт.
Бар асоси Фармон ва мувофиқи банди 23_уми моддаи 109_уми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 426 нафар шахс, ки ҳоло муддати ҷазоро мегузаранду ба кирдори худ аз таҳти дил пушаймон шудаанд ва ба таври қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузоштаанд, афв карда шуданд.
135 нафар шахсони авфгардида аз ҷазо пурра озод карда мешаванд, 200 нафарро аз гузаштани ҷазо пеш аз мӯҳлат шартан озод мекунанд, ҷазои аз озодӣ маҳрум кардани 26 нафар бо ҷазои сабуктар иваз карда мешавад. Инчунин, муддати ҷазои аз озодӣ маҳрум кардани ба 65 нафар шахс таъин кардаро ихтисор мекунанд.
11 нафар авфшудагонро шаҳрвандони хориҷӣ, 50 нафарро занҳо, 13 нафарро мардҳои аз 60_сола калон, 157 нафарро ҷавонон (инчунин, 3 нафари онҳо ноболиғонанд) ва 5 нафарро шахсоне, ки дар фаъолияти ташкилотҳои таъқиқгардида иштирок кардаанд, ташкил мекунанд.
Роҷеъ ба иҷрои Фармон барои ба оғӯши оила ва наздикон баргаштани шахсони авфгардида, ба ҳаёти иҷтимоӣ мос шуда, бо меҳнати фоиданок машғул шудани онҳо, тарзи зисти солимро роҳандозӣ карда, дар ҷомеа ёфтани ҷои муносиби худ оиди расондани кӯмак ба онҳо ба вазорат ва идораҳои масъул супоришҳои дахлдор дода шуданд.