Рӯзи 15-уми апрел дар Маркази баҳодии дониши вилоят аттестатсияи кадрҳои педагогӣ сар шуд.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Шаҳзод Эшонқулов, мушовири ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои таълимӣ Саидаҳмад Усмонов, масъулони Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ба омӯзгорон комёбиҳо таманно карданд.
Соли ҷорӣ дар ҷараёни аттестатсия, ки барои тоифаи малакаи омӯзгорон ташкил гардид, иштироки 21430 нафар омӯзгорони вилоят пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи тартиби нав санҷишҳо барои гирифтани тоифа дар ду зина амалӣ мегардад. Дар зинаи аввал омӯзгорони ташкилотҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва беруназмактабӣ аз рӯйи фанни ихтисосӣ ва стандарти касбӣ ба 40 савол ҷавоб дода, 80 хол (ба ҳар ҷавоби дуруст – 2 хол) ҷамъ мекунанд. Дар зинаи дуюм бо мақсади муайян кардани маҳорати педагогии омӯзгорон доир ба истифодаи методҳои пешқадам ва технологияҳои замонавӣ 10 супориш ва дар маҷмӯъ 20 хол (барои ҳар як ҷавоби дуруст – 2 холӣ) дода мешавад. Ҳар ду зина дар компутер тибқи режими вақти реалӣ ба таври онлайн доир мегардад.
дар санҷишҳои тестӣ барои ҳар як номзад аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика 2 соат (120 дақиқа) ва аз дигар фанҳо 1,5 соат (90 дақиқа) вақт дода мешавад.
ҷараёнҳои аттестатсия то охири моҳи майи соли равон идома меёбанд.
Хидмати матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят.
Дар Самарқанд аттестатсияи омӯзгорон сар шуд
