Ovozi.uz

Иштирокчиёни анҷумани ректорони Ӯзбекистону Тоҷикистон ба Самарқанд омаданд

Таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳудуди 30 нафар ректорони муассисаҳои таълими олӣ аз Донишгоҳи давлатии Самарқанд дидан карданд.

Иштироккунандагони форум дар донишгоҳ, музейҳои археология ва зоологияи университетро тамошо карданд. Инчунин, ба кампуси Институти биохимия рафта, дар ҷараёни дарс иштирок карданд. Оранҷерияро аз назар гузарониданд. Бо фаъолияти лабораторияи ба номи барандаи ҷоизаи Нобел Азиз Санҷар шинос шуданд. Аъзои ҳайати вакилон ба фаъолияти университет баҳои баланд доданд.

Бо як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон дар бахшҳои таърих, бостоншиносӣ, муҳандисӣ, IT, кимиё, иқтисод ва агробиотехнология созишномаҳо бастанд.

Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш ҳамчунин Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кӯлоб, Бохтар, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва Донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонд, хабар медиҳад хизмати ахбори донишгоҳ.