Ovozi.uz

Дар Самарқанд анҷумани байналмилалии “Con-FEAS 2024” гузаронида шуд

Дар шаҳри Самарқанд таҳти мавзӯи “Инфрасохтори бозор ва нақши воситачиҳо дар иқтисодиёт” анҷумани байналмилалии “Con-FEAS-2024” гузаронида шуд.
Анҷумани биржаи байналмилалӣ аз тарафи Федератсияи бунёди биржаҳои Авруосиё (FEAS) ва Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон республика товар-хомашё биржаси” таҳти ҳамкории биржаи бунёди ҷумҳуриявии “Тошкент”, Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии лоиҳаҳои ояндадор, Кумитаи ривоҷдиҳии рақобат ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиён ташкил гардид.
Дар чорабинӣ аз 20 давлати ҷаҳон беш аз 200 нафар намояндагони биржаҳои пешқадами маҳсулоти хориҷӣ, фонд ва асъор, ташкилотҳои клиринг, депозитарияҳои марказӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои сармоягузорӣ, провайдерҳои барномасозӣ, компанияҳои технологияҳои иттилоотӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва консалтинг иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки Федератсияи бунёди биржаҳои Авруосиё (FEAS) соли 1995 таъсис ёфта, Ӯзбекистон соли 2020 узви ин федератсия гардидааст.
Дар анҷумани навбатии федератсия тенденсияҳо ва дурнамои рушди индустрияи биржаҳои ҷаҳон, мавқеи назорат ва инноватсияҳо дар гузаронидани савдоҳои биржа, мушкилот ва имкониятҳои бозорҳои капиталии муосир муҳокима гардида, коршиносони пешқадами хориҷӣ бо ҳам таҷриба иваз карданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон республика товар-хомашё биржаси” Зиёвиддин Бадриддинов таъкид кард, ки ин анҷумани байналмилалӣ бори аввал дар мамлакатамон баргузор гардида, он майдони муносиб барои муҳокимаи мавзӯъҳои муҳим доир ба рушди савдоҳои биржа, табодули таҷриба миёни коршиносони соҳа хоҳад шуд.
– Дар шаҳри Самарқанд, ки дар чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим мавқеъ дорад, гузаштани ин тадбири бонуфуз бесабаб нест, — гуфт З.Бадриддинов. – Чунки корвонсарой, масканҳои хариди асъор, бозорҳои ин шаҳр намуди таърихии биржаҳои имрӯза мебошанд. Имрӯз мо дар ин шаҳри таърихӣ боз ҳам такмил додани фаъолияти биржаҳоро, ки дар ҳамкории иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим мебозанд, муҳокима мекунем. Ин нигоҳҳои муштараки моро дар роҳи тараққиёт муттаҳид месозад. Ҳоло дар Ӯзбекистон ба либералисозии иқтисодиёт эътибори калон дода мешавад. дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ 1,5 баробар афзуд ва то соли 2030 ба 2 баробар расонидани он дар назар аст. Барои ба ин мақсад расидан биржаи ашёи хоми маҳсулот низ фаъол иштирок мекунад.
Саркотиби FEAS Константин Сароян дар баромади худ тағйироти иқтисодӣ, ислоҳотеро, ки дар ин самт дар Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, эътироф намуда, барои ташкили чорабинӣ дар сатҳи олӣ сипосгузорӣ намуд.