Ovozi.uz

Аз манбаъҳои энергия бояд сарфакорона истифода барем

Анҷумани матбуотӣ

Чӣ хеле, ки аллакай бисёриҳо хабар доранд, дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 16_уми апрели соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагии роҳандозӣ кардани механизми бозор дар соҳаи сӯзишворӣ — энергетика дар солҳои 2024—2025» нархҳои нави зина ба зина тағйирёбандаи ресурсҳои сӯзишворӣ, энергетика ва аз 1-уми майи соли 2024 меъёрҳои базавии истифодаи якмоҳаи қувваи электр ва гази табиӣ барои аҳолӣ тасдиқ гардид. Ин қарор аз аввали моҳи нав амалӣ мешавад ва ба ҳамин муносибат бо иштироки мудири шӯъбаи Садорати адлияи вилоят Ориф Муҳаммадиев, сардори шӯъбаи истеҳсолкунандагони қувваи электр аз манбаъҳои энергияи барқароршавандаи филиали минтақавии Ҷамъияти саҳҳомии минтақавии «Шабакаҳои ҳудудии электр» Темур Орифов ва ходими масъули филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» Ваҳҳобҷон Ҳалимов дар Хонаи матбуоти вилоят нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.
Мудири шӯъбаи Садорати адлияи вилоят Ориф Муҳаммадиев қайд кард, ки дар байни аҳлӣ шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ низ ҳастанд. Барои ҳифзи онҳо механизми компенсатсия ҳам таҳия шудааст. Ба ташкили реестери ин гуна шахсон ҳафтгонаи маҳаллаҳо масъул мебошанд. Мувофиқи пешниҳоди онҳо ба ин гуна шахсон пардохти компенсатсия муайян карда шудааст.
Сардори шӯъбаи истеҳсолкунандагони қувваи электр аз манбаъҳои энергияи барқароршавандаи филиали ҳудудии Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои ҳудудии электр» дар Самарқанд Темур Орифов дар маърӯзаи худ, аз ҷумла гуфт:
— Мувофиқи қарори Девони Вазирони мамлакатамон аз 1_уми май барои истифодаи захираҳои энергия меъёри иҷтимоӣ ба таври зайл:
— барои қувваи электр — ҳар моҳ то 200 кВт /соат;
— газ (аз март то октябр) — то 100 метри мукааб;
— газ (аз ноябр то феврал, яъне дар мавсими гармкунии биноҳо) — то 500 метри мукааб муайян карда шудааст. Вақте меъёри иҷтимоии истифодаи энергия мегӯем, бояд энергияеро фаҳмид, ки ҳангоми онро харидани аҳолӣ аз рӯи тарифи иҷтимоӣ ҳисоб мекунанд. Яъне, энергия то ба меъёри маълум бо нархи нисбатан паст (имтиёзнок) ва барои истифодаи аз ин меъёр зиёд бо нархи бозор фурӯхта мешавад. Агар аҳолӣ аз ин манбаъҳои энергия аз меъёр зиёд истифода баранд, нархи онҳо ҳам мутаносибан баланд мешавад.
Ходими масъули филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» Ваҳҳобҷон Ҳалимов ҳам дар ин бобат гуфт, ки мутаносибан нархи гази фишурдаи моеъ ҳам меафзояд. Агар ҳозир мардум ҳар як баллони гази моеъро бо 24 ҳазор сӯм гиранд, минбаъд бо 32 ҳазор сӯм мегиранд. Роҳи беҳтарин ва ба ҳама фоиданоки истифода аз манбаъҳои энергия сарфакорона истифода бурдани онҳо ба ҳисоб меравад.
Доир ба ин масъла баҳсу мунозира ва пурсишу посухҳои зиёде ба амал омад. Қарор дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар моҳҳои минбаъда ҳам идома дода шаванд.

Б.ҶУМЪАЕВ