Ҳоло қариб дар аксар мамлакатҳои дунё, аз ҷумла дар кишвари мо ба ривоҷи футбол, ки «бозии миллионҳо» ном дорад, эътибори алоҳида дода мешавад. Ин аст, ки дастаҳои футболи мамлакатамон дар мусобиқаҳои бонуфузи Осиё натиҷаҳои хубро ба даст меоранд.
Дирӯз, 29‑уми апрел дар марҳилаи ниманиҳои U-23 барои Ҷоми Осиё дар Қатар ду бозӣ баргузор шуд. Дар мусобиқаи якум тими олимпии Ӯзбекистон дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа бо тими Индонезия бозӣ карда, бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид ва ба финал баромад ва роҳхати Бозиҳои олимпии Париж‑2024-ро гирифт.
Голҳои дастаи Ӯзбекистон аз сӯйи Ҳусайн Норчаев ва бозигари рақиб Протамо Арҳон (автогол) зада шуд. Тими Ӯзбекистон бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад.
Мусобиқаҳои XXXIII Олимпии тобистонаи 2024 аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Париж баргузор мегардад.
Вохӯрии дигар даври нимниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Япония ва Ироқ дар варзишгоҳи «Ҷассим бин Ҳамад» доир шуд. Дар ин бозӣ «самурайҳо»-и японӣ бидуни мушкилӣ бо ҳисоби 2:0 музаффарият ба даст оварданд. Голҳоро аз ҳайати Японимя Мао Ҳосоя ва Риётаро Араки ба дарвозаи рақиб дароварданд.
Футболбозони мо рӯзи 3‑юми май дар финал бо дастаи Япония барои чемпионӣ қувва меозмоянд. Дастаҳои Ироқ ва Индонезия (2‑юми май) барои ҷойи сеюм ба майдон медароянд. Соҳиби ҷойи сеюм ҳам ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегирад.
— Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ орзуи чандинсолаи дастаи мунтахаби Ӯзбекистон буд, — гуфт сардори Фан клуби дастаи «Динамо»-и вилоят Шавкат Бурҳонов. — Ва ниҳоят дирӯз даста ба Бозиҳои олимпии Париж — 2024 роҳхат гирифт. Мо мухлисони миллионнафараи футбол аз ин хеле хурсанд шудем. Умед дорем, ки шогирдони Т. Кападзе дар Бозиҳои олимпӣ ҳам маҳорати худро нишон дода, обрӯи футболи мамлактамонро баланд мебардоранд.
Рӯзи 28‑уми апрел Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дастаи ҷавонони мамлакатамонро бо ғалабаи таърихӣ табрик намуда, дар зинаи ниҳоӣ ба онҳо муваффақият таманно кард.
Ҷамшеди АСРОР.
