Дар Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд байни ҳаваскорон зери шиори «Дар як Ватан, дар як вақт, ба як масофа, бо як мақсад якҷоя медавем!» мусобиқаи анъанавии давидани «Нафаси нав» («Янги нафас») баргузор гардид.
Дар он панҷ ҳазор нафар иштироккунанда ба масофаи 6 километр давиданд.
Дар мусобиқаи имсола низ ғолиби қувваозмоии порсола, варзишгари пастдарғамӣ Комил Фозилов боз аввалин шуда ба марра расид. Ҷойҳои дуюм боз ба як варзишгари пастдарғамӣ Темур Аҳмадуллоев ва сеюм ба вакили ноҳияи Оқдарё Намозбек Бобомуродов насиб кард.
Дар мусобиқаи духтарон низ ҷойи аввалро варзишгари пастдарғамӣ Элноза Мамарайимова ба даст овард. Ҷойҳои пасина ба варзишгарони оқдарёгӣ Фарангиз Абдубакирова ва Сабрина Амонова насиб кард.
Дар баҳси параварзишгарон Шоҳрух Рӯзиқулови оқдарёгӣ якум, варзишгарони тайлоқӣ Эъзозбек Амонов ва Суннат Бобомуродов дуюм, Дилбек Тугалови ургутӣ ва Равшан Алиев аз ноҳияи Самарқанд сеюм шуда, ба марра расиданд. Дар баҳси байни духтарон вакили ноҳияи Самарқанд Сафина Зодаева ғолиби мутлақ шуд.
Дар марафон ғолибони номинатсияҳои «Иштирокчии аз ҳама кӯҳансол», «Иштирокчии ҷавонтарин» ва ғайра низ муайян гардиданд. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
«Нафаси нав»: киҳо ғолиби марафон шуданд?
