Ovozi.uz

Тадқиқоти замонавӣ дар роҳи барқарорсозии чарогоҳҳо

Омӯзиш

Гурӯҳи олимони Донишкадаи ботаникаву экология ва Донишгоҳи Сегеди Маҷористон (Венгрия) ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ташриф оварданд. Дар рафти сафар олимони ду мамлакат оид ба усул ва равишҳои нави барқарор кардани чарогоҳҳое, ки зери хатар қарор доранд, тадқиқот оғоз карданд.
Бо мақсади муайян намудани имкониятҳои барқарорсозии чарогоҳҳо, оид ба захираи тухмии замин ва ҳосилхезии он тадқиқоти аввалин гузаронда шуд. Дар чарогоҳҳои регзори биёбони Қизилқуми вилояти Навоӣ як ҳафта тадқиқоти саҳроӣ гузаронда, маводу маълумоти пурқимати илмӣ гирд оварданд.
Ин таҳқиқотро раиси Маркази пажӯҳисоти экологии Пажӯҳишгоҳи ботаника ва экологияи Маҷористон Орсоля Валко ва директори Пажӯҳишгоҳи агробиотехнология ва бехатарии ғизои ДДС Тошпӯлод Раҷабов роҳбарӣ карданд. Инчунин, дар ин экспедитсияи саҳроӣ профессори Донишкадаи ботаника ва экология Балазс Деак, ходимони калони илмӣ Андрас Келемен, Река Кисс ва ходими хурди илмӣ Каталин Лукачс, инчунин профессорон Чаба Толгеси ва Золтан Батор аз Донишгоҳи Сегед, ходими илмии ДДС ва докторанти Донишгоҳи Сегед Абдубакир Қӯшбоқов иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки ин пажӯҳишҳо дар чаҳорчӯби рисолаи номзадии ходими илмии ДДС Абдубакир Қӯшбоқов, ки ҳоло дар докторантураи Донишгоҳи Сегед таҳсил мекунад, анҷом дода мешаванд. Ин омӯзишҳо тӯли 3 соли оянда идома хоҳанд ёфт. Барои маълумот, Донишгоҳи Сегед аз рӯйи рейтинг дар Маҷористон ҷои 2 юм ва дар ҷаҳон 587 умро ишғол мекунад.
Ин тадқиқот, ки ба омӯхтани захираи тухмӣ дар хоки чарогоҳҳои Ӯзбекистон нигаронида шудааст, қаблан гузаронида нашуда буд. Бо дарназардошти он, ки имрӯз дар кишвари мо чарогоҳҳои дар ҳолати бӯҳронӣ қарордошта минтақаҳои васеъро ишғол мекунанд, натиҷаҳои ин тадқиқот барои таҳияи усулҳои самаранок ва устувори барқарорсозии чарогоҳҳо имкони калон фароҳам меорад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо олимони Маҷористон дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ мақолаҳои илмӣ ба табъ мерасанд.
Дар асоси маводи саҳроӣ, ки аз чарогоҳҳои биёбони Қизилқум ҷамъоварӣ шудааст, дар шароити лабораторӣ барои донишҷӯёни боистеъдоди Донишкадаи агробиотехнология ва бехатарии озуқаворӣ оид ба гирифтани тухмӣ аз хок ва муайян кардани ҳосилнокии онҳо дарсҳои маҳорат гузаронида шуданд.

Ф.ШУКУРОВ