Дар ҳавлии ҳамсояи девордармиёнамон Холиқ Мирзозода тӯй буд. Ба набераашон — Фаршедҷон як рӯз пеш келин оварда буданд ва имрӯз ба халқ оши наҳор медоданд. Он солҳо амини деҳаамон шодравон Абдумаликака тӯю маъракаҳоро ҳамеша ба дараҷаи аъло ташкил мекарданд.
Пас аз нишастани ҳар як гурӯҳи меҳмонон устод Холиқ Мирзозода ба назди онҳо омада, бо одобу маданияти баланди инсонӣ хушбошӣ менамуданд.
Ҳангоми гусели меҳмонон низ устод бо хешовандону ҳамдеҳагон самимона сипосгузориву худоҳофизӣ мекарданд.
Як гурӯҳ меҳмонон аз дорулфунун ва ҳокимияти вилоят омаданд. Раиси деҳа онҳоро аз пешгоҳи маърака шинонид. Чунки аз азал меҳмонони мӯътабарро азизу гиромӣ медоштанд.
Пас аз табъи дил гузаштани тӯй вақти ош хӯрдани соҳибони маърака расид. Хоҳарзодагону додарзодагони устод бо фаъолони деҳа он касро иҳота карданд, ки якҷоя шинанд.
Чашми ҳама ба даҳони устод дӯхта шуд. Устод ба сӯйи ман ишора карда гуфтанд:
‒ Ман ошро бо ҳамсояам Шодмонхон мехӯрам.
Аз шунидани ин сухан аз ҳайрат шах шудам… Чаро? Он кас киву ман кӣ? «Мавсуф олими бузурги шинохта, ман бошам, як омӯзгори одии техникум», аз дил гузарондам. Дигарон чӣ гуфтанашонро надонистанд. Ман дар ҳолати ногуворе мондам…
Дар пеши назарам охири солҳои 1940 ва 1950‒и асри гузашта ҷилвагар гардиданд: ҳавлии мо аз ҳавлии падарии устод се ҳавлӣ болотар ҷойгир буд. Устод соле ду-се маротиба ба назди модарашон меомаданд. Он солҳо нақлиёти мусофиркашон қариб, ки набуд. Бинобар ҳамин, Холиқ Мирзозода аз шаҳр бо фойтун меомаданд. Мо бачаҳо зуд гирди фойтунро иҳота мекардем. Устод бо ҳар яки мо даст дода, вомехӯрданд ва номи моро медонистанд.
Модари он касро дар деҳа онамулло мегуфтанд. Онамулло бо роҳи худомӯзӣ дониши кӯҳна доштанд, як писари олим, як писари маълумоти олидори муаллим ва якчанд духтарони чевару аҷоибро тарбия карда буданд…
Дар ҳамин лаҳза овози яке аз хидматчиёни тӯй баланд шуд ва хаёли маро парронд:
‒ Канӣ, устод, марҳамат, Шодмонхон, шумо ҳам биёед,‒ гуфту ба гирди мизе, ки дар гӯшаи тӯйхона барои мо оро дода буданд, ишора кард.
То овардани оши палав мо ҳар ду сӯҳбаткунон аз меваҳои гуногун тановул кардем. Дар вақти палавхӯрӣ ҳам, устод ибораҳои гӯшфораму пурилтифотро такрор мекарданд:
‒ Кӣ мегӯяд, ки шумо бӯзбала? Мазаи ошхӯриатон не-ку?! Канӣ, дуруст-дуруст гиред…
Дар рафти ин нишасти якҷоя маданияти сӯҳбату ошхӯрии ман такмил ёфт. Дарк кардам, ки «Ман ошро бо ҳамсояам мехӯрам»,‒ гуфтани устод маънои ҳам инсонӣ ва ҳам фалсафӣ дошт, ки: «Ҳой мардум, шунавед, ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст — хоҳ ӯ шоҳ бошад, хоҳ — гадо!»
Афсӯс, ки бисёрии амалдорҳо ин тавр нестанд. Ҳамсояҳои нодору камбағали худро назару писанд намекунанд…
Агар ба ҳаёт ва фаъолияти илмии ин олими бузург назар афканем, мефаҳмем, ки Холиқ Мирзозода моҳи майи соли 1911 дар деҳаи Равонак таваллуд ёфтаанд. Соли 1935 Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, барои кор ба Душанбе рафтаанд. Дар он ҷо ба сифати муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон корро сар кардаанд. Баъд мудири кафедра таъин гардида, қариб чил сол дар ин вазифа заҳмат кашидаанд.
Устод аз зумраи адабиётшиносони барҷастаи тоҷик маҳсуб меёбанд ва бештар аз ним асри ҳаёташонро ба рушду нумӯи илми адабиётшиносӣ сарф намудаанд. Куллиёти Ҳофиз, Убайди Зоконӣ, Шоҳин ва ғайраҳоро нашр карда, асарҳои зиёди илмӣ навиштаанд. Он кас муаллифи китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик» барои мактабҳои миёна ва олӣ мебошанд. Барномаҳои таълимии мактабҳои миёна ва олиро тартиб додаанд. Зери роҳбарии устод даҳҳо нафар шогирдону унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя кардаанд.
Мо дар мактаби миёна аз рӯйи китоби «Адабиёти тоҷик»-и Холиқ Мирзозода таълим мегирифтем ва бо ин ҳамдеҳаамон мефахридем.
Баъди воқеаҳои маълуми Тоҷикистон муаллим Холиқ Мирзозода ба Самарқанд омаданд. Дар ин ҷо низ фаъолияти илмиву педагогии худро давом доданд. Баъди аз вафот дар қабристони маҳаллаамон — Равонак мадфун шудаанд. Мардум гоҳ-гоҳ ба зиёрати хокҷойи он кас рафта, дар ҳаққашон дуои нек мекунанд.
Имрӯзҳо писари Ҷамшедака ‒ Фаршедҷон пайрави муносиби бобову падар мебошад. Ӯ то ба синни нафақа дар садорати корҳои дохилии вилоят хизмат карда, имрӯзҳо яке аз фаъолони маҳалла мебошад.
Писари дуюми Ҷамшедака ‒ шодравон Заршедҷон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми донишкада шифокори маъруф шуд, вале сад дареғо, ки хеле ҷавон аз олам чашм пӯшид.
Ҳамаи ин инсондӯстиву гуманизми Мирзозодаҳо, аз таълиму тарбияи онамулло сарчашма гирифтааст.
Додари устод шодравон Раҳимака Мирзозодаи муаллим ҳам айнан мисли акаашон инсони аҷоиб ва хеле хушгуфтор буданд. Он кас ба нафақа баромада, бо ҳамроҳии устодашон Раҳматзода ба хидмати маҳалла камари ҳиммат бастанд. Он солҳо зуд-зуд қувваи барқ қатъ ва мотори чоҳи артезианӣ вайрон мешуд. Бо давутози онҳо ин муаммоҳо сари вақт бартараф мегардиданд.
Раҳимакаи муаллим ду писару як духтарро тарбия карданд. Имрӯзҳо писаронашон Абдурафиқу Шодмонҷон дар хидмати маҳалла камарбастаанд. Духтарашон Дилбарой касби падарро пеша кард ва то ба нафақа ҳаёташро ба тарбияи насли наврас бахшид…
Шодмон АМОНУЛЛОЕВ
«Ошро бо ҳамсояам мехӯрам…»
