Ovozi.uz

Бонки марказии Ӯзбекистон ва Бонки миллии Тоҷикистон созишнома имзо карданд

Байни Бонки марказии Ӯзбекистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилоти қарзӣ Созишнома ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин санад ба густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал ва назорати фосилавӣ мусоидат менамояд. Инчунин паҳлуи дигари ин санад ба назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, ошкор кардан ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилоти қарзӣ, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузаронидани санҷишҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва мубодилаи иттилоот нигаронида шудааст.

Созишнома дар доираи баргузории ҷаласаҳои баҳории давлатҳои аъзои Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

Зимни имзои ин санад роҳбарони бонкҳо масъалаҳои муҳимми низоми бонкию молиявӣ ва густариши ҳамкории минбаъда дар самти мубодилаи маълумот ва таҷрибаро баррасӣ намуданд.