Фото_танқид
Сӯҳбати ду сайёҳ
— Ин чӣ бошад? — пурсид зане аз дугонаи худ, ки барои тамошои Самарқанд омада буданд.
— Надонистам. Шояд санги қабр бошад, — бо тааҷҷуб гуфт дигаре.
— Ҳа, Самарқанд замини уламою донишмандон аст. Мумкин қабри яке аз онҳо бошад.
— Шояд.., — китф дарҳам кашид зани дуюм ва илова кард:
— Авбошон расми ҳаминро ҳам канда гирифтаанд…
Дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми сентябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагӣ аз рӯйи истифодаи босамари салоҳияти сайёҳии вилояти Самарқанд ва ривоҷдиҳии он» дар бораи рушди минбаъдаи туризм дар вилояти Самарқанд «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар оғози соли 2022 дар шаҳри Самарқанд 55‑то харита бо навиштаҷоти «Шумо дар минтақаи муҳофизати ЮНЕСКО қарор доред» гузошта шуд.
Дар харитаҳо, ки сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар гардидааст, дар бораи биною иншоотҳои таърихие, ки дар ин ҳудуд ҷойгиранд, ёдгориҳои гирду атроф маълумот оварда шудаанд. Инчунин, ҳар як нишондиҳандаи ахборӣ QR-код дорад, ки тавассути он дар бораи объект маълумот гирифтан мумкин.
Мутаассифона, ҳоло вазъи чанде аз чунин буферҳо хароб гардидаанд. Аз ҷумла, буферҳоеро, ки дар кӯчаи Орзу Маҳмудов( назди поликлиникаи оилавии рақами дуюм), кӯчаи Рӯдакӣ (назди клиникаи рақами якуми назди Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд) ва кӯчаи Даҳбеди шаҳри Самарқанд (шафати меҳмонхонаи «Диёра») гузошта шудаанд, баъзе шахсон харитаи сарҳади минтақаҳои муҳофизатӣ нишондодашударо шикастаанд. Инак, аз байн моҳҳо мегузарад, аммо масъулон дар мавриди дубора таъмир кардани онҳо намеандешанд.
Бояд гуфт, ки сол то сол иқтидори сайёҳии шаҳри куҳану ҳамешаҷавони Самарқанд меафзояд ва ҳамарӯза аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриву кишварҳои ҷаҳон ҳазорон нафар сайёҳон ба ин ҷо меоянд. Фикр мекунем, боздиди вазъи хароби ин харитаҳои роҳнамо, ки бо навиштаҷоти ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО гузошта шудааст, табъи меҳмонони хориҷиву маҳаллиро хира мекунад.
Саволи барҳақ ба миён меояд: минтақаи муҳофизатиро кӣ муҳофизат мекунад? Чаро масъулон онҳоро таъмир намекунанд? Оё имконияти ба ҷойи харитаи шишагини нозук намуди мустаҳкамтари онро гузоштан мумкин нест?
Ф.ЮЛДОШЕВ
