Дар мамлакати мо масъалаи ҷавонон ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Дар бобати дастгирӣ намудани ҷавонон, ҳалли муаммоҳо, рағбатноксозии истеъдод ва салоҳияти онҳо корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Бо ташаббуси Сарвари давлатамон Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат эълон гардидани соли 2024 низ намунаи бардавоми кор дар ин самт мебошад. Дар Барномаи давлатии соли равон ба таъмини шуғли ҷавонон чун масъалаи устувор эътибор дода, дар кишвар дар ин самт корҳои шоёни таҳсин иҷро мешаванд.
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов «Ярмаркаи меҳнатӣ» ташкил гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, аъзои Сенати Олий Маҷлис Рустам Холмуродов, сардори Садорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли аҳолии вилоят Темур Маҳмудов, масъулони ҳокимияти вилоят ва ташкилотҳои кордиҳанда иштирок карданд. Акнун донишҷӯён овора шуда, барои коркобӣ ба дигар ташкилотҳо намераванд. Сардори Садорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли аҳолии вилоят ва як қатор ташкилотҳои давлатӣ ба талабгорони соҳаҳои дахлдор ҷойҳои нави кориро таклиф карданд. Таъкид гардид, ки аксари хатмкунандаҳои донишгоҳ ният доранд фаъолияти худро дар соҳаи таълим, муассисаҳои таълими томактабӣ, марказҳои илмӣ ва тадқиқотӣ, литсейи академӣ, системаи таҳсилоти олӣ, саноатӣ, хоҷагии деҳот ва ғайра идома диҳанд. Дар охири ҷорабинӣ донишҷӯён бо ташкилотҳои кордиҳанда сӯҳбат намуда, бо ҷойҳои корӣ шинос шуданд. Ҷойҳои кории мазкур дар ноҳияҳои гуногун буда, донишҷӯён барои интихоби муассисаи ба худ маъқул дар асоси созиш ва сӯҳбат, маълумот гирифтанд.
Мурод ТИЛЛОЕВ,
сарвари шӯъбаи маркетинг ва кор бо ҷавонони ДДС.
