Ислоҳот
Барои рушди ҳар як соҳа ва афзудани ақлу заковати инсон, бешубҳа, илму фан ва таълиму тарбия нақши муҳим мебозанд. Воқеан, ривоҷёбии низоми таълим комёбии тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷомеаро таъмин менамояд. Зеро, дар ҷое, ки илму фан пешрав нест ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор надорад, дигаргунӣ, тараққӣ ва навсозӣ низ намешавад.
Масъалаҳои илму фан ва таълиму тарбия аст, ки на танҳо имрӯзи ҷамъият ва давлат, балки фардои онҳоро низ муайян менамояд. Аз ин рӯ, дар кишвари мо ба ин масъала дар сатҳи сиёсати давлатӣ эътибор дода мешавад ва дар ин самт якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрӣ низ имзо гардиданд. Қабули қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 уми феврали соли 2024 «Дар бораи мақоми омӯзгор» низ боз як ифодаи амалии эътибори баланд ба соҳаи таълим ва омӯзгорони мамлакат мебошад. Дар ин қонун ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ, кафолатҳои асосии фаъолияти педагогҳо ва тамоюлҳои ҳифзи иҷтимоии онҳо ба таври мушаххас муқаррар гардиданд.
Мувофиқи қонуни мазкур минбаъд ба шахсе, ки бори аввал дар муассисаи таълими умумӣ фаъолияти касбии худро оғоз мекунад, барои пешбарии фаъолияти муаллимӣ дар давоми як соли таҳсил педагоги ботаҷриба вобаста карда мешавад. Ин, албатта барои идома ёфтан ва пурзӯртар гардидани анъанаи «Устоду шогирд» дар мактабҳои ҳамагонӣ мусоидат мекунад. Ба ин васила, муаллимони ҷавон аз устодони ботаҷриба асрори касби омӯзгориро омӯхта, маҳорати касбии хешро сайқал медиҳанд.
Ғайр аз ин, дар асоси қонун ҷалби омӯзгорон ба корҳое, ки ба фаъолияти касбии онҳо алоқаманд нестанд, масалан, корҳои ободонӣ ва хоҷагии қишлоқ манъ карда шуд. Инчунин, минбаъд аз омӯзгорон таҳия ва тақдим намудани ҳисобот ва дигар маълумоте, ки ба ӯҳдадориҳои касбии онҳо вобастагӣ надоранд (масалан, ташаккули ҳисобот дар бораи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон) талаб карда намешавад. Бо як сухан, имзо гардидани ин қонун муаллим ва мураббиёнро аз як қатор ӯҳдадориҳои барзиёд озод кард. Акнун мо саргарми дигар кору ташвишҳои ғайрикасбӣ нагардида, метавонем баҳри такмили таҷриба ва маҳорати касбии худ ҳаракат кунем.
Воқеан, агар обрӯю нуфузи омӯзгорону мураббиён бардошта шавад, онҳо мувофиқи меҳнаташон музд гиранд, рағбатнок карда шаванд, бешубҳа, дар кори таълиму тарбия пешравӣ мешавад, он босифат мегардад. Ҳоло дар мактаби мо низ бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои қонуни мазкур чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд. Бахусус, мо дар бобати ба роҳ мондани хамкории «Падару модар, мактаб, маҳалла» корҳои амалиро оғоз намудем. Эътибор ба сифат ва самарадории таълим афзуда, дастовардҳои муаллим ва шогирдон ҳам зиёд гардид.
Набояд фаромӯш кард, ки илм роҳи ягонаи наҷоти инсон аст. Ҳалли ҳамаи масъалаҳо, албатта, ба соҳибони илм вобаста мебошад. Олими маърифатпарвар Абдулло Авлонӣ бесабаб нафармудааст, ки «Таълиму тарбия барои мо масъалаи ҳаёт, ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё саодат, ё фалокат аст». Бовар дорем, ки қонуни мазкур ба баланд бардоштани мақоми омӯзгорон хидмат мекунад, баробари ин барои комёбиҳои нав ба нав имкониятҳои васеъ ва асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.
Рауф РАУФОВ, омӯзгори мактаби таълими умумии
рақами 19 и ноҳияи Сайхунобод
