Ovozi.uz

ҚАҲРАМОНОНИ ВАТАН ДАР ЭҲТИРОМУ ЭЪЗОЗАНД


Дар ҷангҳои зидди фашизм зиёда аз 152 ҳазор нафар сокинони Самарқанд иштирок кардаанд. 73 ҳазор нафари онҳо ба зодгоҳҳои худ барнагаштаанд. Барои мардонагӣ ва ҷасорат дар ҷанг 41 нафар самарқандӣ ба унвони Қаҳрамон сазовор гардиданд.
Дирӯз Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ» имзо гардид, ки мувофиқи он ба собиқадорони ҷанг мукофоти пулии якдафъина ба миқдори 20 миллион сӯм ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида мешавад.
Соли 2018 дар вилояти мо 97 нафар иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ умр ба сар мебурданд, соли соли 2022 ҷамъ 27 нафар, соли гузашта 13 нафар. Ҳоло дар Самарқанд ҳамагӣ 5 нафар иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ боқӣ мондаанд… Онҳо шоҳиди зиндаи он даврони сахт, қаҳрамононе мебошанд, ки мардонавор Ватанро ҳифз кардаанд!
Инак, мо шарҳи ҳоли мухтасари қаҳрамонони Ватанро, ки ҳамеша дар эъзозу эҳтироманд пешкаши муштариёни рӯзнома мекунем.


Раҳмат ҚОБИЛОВ
Соли 1925 дар ноҳияи Каттақӯрғон таваллуд шудааст. Соли 1943 ба хидмати ҳарбӣ даъват гардидааст. Баъд аз се моҳи тайёрӣ дар назди Уляновск ба ҷанг шурӯъ намуда, дар озод кардани Воронеж саҳм гузоштааст. Нахуст ҳамчун аскари қаторӣ, сипас ҳамчун разветчики Десанти танкии 32_юми фронти 2_юми Украина хидмат кардааст. Дар озод намудани Харков бевосита иштирок намудааст. Ҳангоми озод намудани Полтава ҷароҳат гирифта, баъди табобат ба саф баргаштааст. Отряди ӯ дар ҷанг аз Днепр гузаштааст. Дар Кривой Рог сахт ярадор шудааст ва баъди табобат дар сафи аскарони пиёдагард хидмат кардааст. Баъди ҷанг ва озод кардани Руминия отряде, ки Раҳматбобо дар он хизмат мекард, ба Полша фиристода ва ба фронти 1_уми Украина гузаронида шуд. Боз захм бардошт ва баъди табобати навбатӣ санаи 5_уми январи соли 1945 ба қисми ҳарбии худ баргашт. Барои шуҷоат дар ҷанг бо ордени «Шараф»-и дараҷаи якум мукофотонида шудааст. Вай тамоми роҳи Олмонро тай кардааст. Баъди ғалаба Раҳматбобо бо ордени «Шараф»-и дараҷаи дуюм ва Ситораи Сурх сарфароз гардидааст.
Баъди ҷанг дар Прага, соли 1945 дар Чехословакия ва аз соли 1946 то соли 1950 дар Австрия дар амалиёти муҳофизати сулҳ иштирок кардааст. 25_уми апрели соли 1950 ба ватан баргаштааст.


Раҳим ЮСУПОВ
Соли 1925 дар деҳаи Ҷарбошии маҳаллаи Тарнови ноҳияи Каттақӯрғон таваллуд шудааст.
Ӯро чун навраси 17_сола моҳи январи соли 1943 ба сафи армия даъват карданд ва ба Милютински вилояти Уляновск бурданд. Дар он ҷо якчанд моҳ омодагӣ дид. Барои Раҳимбобо ҷанг дар Харков оғоз ёфт. Аввал ин шаҳрро озод карданд. Аз Карпат гузашта, ба Руминия даромаданд. Дар он ҷо ҷангҳои хеле шадид ба амал омаданд, ки ӯ сахт ярадор шуд. Баъди табобат ба сафи ҷанговарон баргашт.
Пас аз озод кардани Болгария қисми ҳарбиро ба хоки Полша гузарониданд. Дар он ҷо хамчун артиллерист хизмат кард. Дар Полша аз пояш ярадор шуд ва боз табобат гирифта, зуд ба қисми ҳарбӣ баргашт. Ҳамин тавр, онҳо ба Берлин расиданд. Соли 1949, вақте ки сулҳ дар Руминия комилан пойдор гардид, ӯ ба ватан баргашт.
Дар Самарқанд Раҳим Юсупов техникуми хоҷагии қишлоқро хатм кард. Баъд дар колхоз агроном шуда кор кард. Барои хизматҳояш бо ордени «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шудааст.


Аҳад ОЧИЛОВ
Соли 1925 дар ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Дар 17_солагӣ бо ихтиёри худ ба фронт рафтааст. Вай дар Ашқобод аз тайёрӣ гузашта, тирпарронии милтиқу миномётро омӯхтааст.
Аскари қаторӣ Аҳад Очилов дар ҳайати баталони миномётчиёни ордени Байрақи Сурхдори механиконидаи 2_юми гвардиявии Суворов аввалин бор дар Кавкази Шимолӣ супориш гирифт. Дар озод кардани Днепропетровск, Житомир, Одесса ва дигар шаҳрҳои Украина, Молдавия, Руминия ва Венгрия иштирок кардааст.
Аҳад Очилов соли 1948 ба ватан баргашта, таҳсилро давом дод ва зиёда аз 50 сол дар мактаби таълими умумии рақами 3_и деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд аз забони модарӣ ва адабиёт дарс дод.

Бӯрон ГАДОЕВ
Соли 1925 дар маҳаллаи Испанзаи ноҳияи Ургут таваллуд шудааст. Соли 1942 баъди хатми мактаби миёна ба техникуми яксолаи педагогӣ дохил шуд. Соли 1943, вақте ки 18_сола буд, бо 17 нафар ҳамдеҳагон ба фронт рафт. Се моҳ дар баталони тирандозии Пенза таълим гирифта, шаш моҳ дар курси командирони Уляновск таҳсил кард. Сипас дар набардҳо ба ҳайси фармондеҳи қисми баталони 91_уми Фронти 2_юми Белорус барои поксозии қаламравҳо иштирок кард. Солҳои 1942—1943 дар ноҳияи Калинин майдонҳоро аз мина тоза кард. Соли 1944 дар озод кардани Пруссияи Шарқӣ ва назди Балтика иштирок кардааст.
Соли 1946 аз ҷанг баргашта, ҳаёти худро ба кори муаллимӣ бахши­дааст.

Михаил КОЛМОГОРОВ
20_уми ноябри соли 1925 дар ноҳияи Тогучински вилояти Новоси­бирск таваллуд шудааст. Зимистони соли 1942 хаткашон шуда кор мекард. Пас аз як сол аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифт ва аз он ҷо ӯро ба мактаби радиотелефонӣ фиристоданд, ки дар давоми 6 моҳ барномаи дусоларо аз худ карданд. 25_уми апрели ҳамон сол Михаил Колмогоров савганд ёд кард. Ӯро хамчун сардори радиоузели 68_уми бригадаи механиконидашуда ба фронт фиристоданд.
Баъди ҷанг Михаил Колмогоров омӯзишгоҳи ҳарбии Кемероворо бо баҳои аъло хатм кард. Зиёда аз 25 сол дар сафи армия хизмат кардааст. Вай дар округи ҳарбии Туркистони Самарқанд хизмат карда, ёрдамчии сардори госпитали ҳарбӣ буд. Соли 1968 ҳамчун капитан ба нафақа баромад. Дар давоми хизматаш бо 23 ҷоиза мукофотонида шудааст.
Ҳамроҳи ҳамсараш Екатерина Андреевна ду духтарро ба воя расонданд. Ҳоло Михаил Василевич дар шаҳри Самарқанд дар иҳотаи набераю абераҳо умри хуш мегузаронад.