Ovozi.uz

«Сулҳу амонӣ шавад…»

Вақте кӯдак будем, бобоям доим дар сари дастархон даст ба дуо бардошта «тинҷиву амонӣ, сериву пурӣ шавад, ҳамин дамҳора Офаридгор парешон накунад» мегуфтанд. Доим дар худ меандешидам, ки чаро бобоям доим дар дуо ҳамин суханҳоро такрор мекунанд. Акнун, ки худам калонсол шудам фаҳмидам, ки тинҷиву оромӣ, сулҳу субот неъмати бузургтарин мебошад. Чунки агар тинҷиву осудагӣ набошад, инсон мисли мурғи бечаману белона хор мегардад.
Падари модарам Ориф Файзуллоев ҳар боре, ки ба хонаи мо меомаданд, аз дарду доғи ҷанги хонумонсӯз нақл мекарданд. Доим таъкид мекарданд, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оилаҳои зиёд аз саробони худ, падару модар, зану фарзанд, хонаву дар ҷудо шудаанд. Баъзеҳо аз майдони набард аз дасту пой, гурӯҳе аз гӯшу бинӣ ҷудо гардида, баъзеҳо бо ҷароҳати вазнин маъюб гардида, ба хона баргаштаанд. Аксар ҷавонмардон дар ҷанг фавтида, беному нишон гардидаанд. «Хонаи ҷанг сӯзад, — мегуфтанд. — Он рӯзҳоро барои душмани худ раво набинам. Чӣ қадар ҷавонони мо қурбони тири ҷонгудози фашизм шуданд, чӣ қадари онҳо аз таркиши минаҳои душман ва дар зери танк ҷон ба ҷонофарин супориданд. Чанде аз ҳамсафони мо дар пеши чашмамон нишони тири душман гардида, фавтиданд, ки то ҳол он лаҳзаҳои ҷонкоҳ аз пеши назарам дур намеравад. Чӣ қадар наварӯсон дар интизори шавҳари худ ғам хӯрданд. Кош, дар он айём аз дастам меомаду решаю буми душманро аз бехаш бармекандам.
Боре бобоям дар бораи асири аскарони душман гардидани худ ҳикоя карда буданд. Гуфтанд, ки чанде аз онҳоро душманҳо асир мегиранд. Баъд гурӯҳи махсуси аскарони шӯравӣ барои наҷот рафта, душманро мағлуб мекунанд ва ҳамсилоҳони худро аз асирӣ озод мекунанд. Аз байн чанд моҳ гузашта, пирӯзиро ба даст меоранд ва бо сари баланд ба Ватан бармегарданд.
Падари падарам яъне, бобоям Бобоаҳмад Наврӯзов ҳам ба ҷанг рафта, бе дому дарак шудаанд. На хати сиёҳ омада будаасту на хабари зинда буданашон.
— Вақте бобоят ба ҷанг рафтанд, ман ҳамагӣ сесола будам, — мегуфтанд шодравон падарам Бобораҳмат Бобоаҳмадов. — Чандин бор ба идораҳои дахлдори ноҳия муроҷиат кардем. Афсӯс, ки дар бораи падарам ягон маълумот дарёфта натавонистем. Моро модаркалонат — Сокина бо сад ранҷу машаққат калон карданд. Хурд будем, модарам моро бо худ ба кори колхоз мебурданд. Модарам гандум дарав мекарданд, ман хӯша мечидам. Хӯшаҳои ҷамъкардаамонро хона оварда, аз осиёб мегузаронидем, аз он орду сабӯс мегирифтем. Айёми кӯдакиям дар солҳои ҷанг бо гуруснагӣ сипарӣ шуд. Мо як умр интизори баргаштани падар будем. Афсӯс, ки барнагаштанд ва баъд ба ту номи падарамро гузоштем.

Наврӯз БОБОАҲМАДОВ