Ovozi.uz

Эътироф ва суханони самимӣ

Дар чорабиние, ки бо ташаббуси ташкилотчии масъули Шӯрои ҷумҳурии Иттиҳодияи касабаи ходимони таълим ва фанни Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Ифтихор Раҳимов дар китобхонаи маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд ба муносибати Рӯзи хотира ва қадршиносӣ баргузор гардид, эътибор ва суханони самимиро нисбати як гурӯҳ омӯзгорони собиқадори мактабҳои таълими умумии рақами 60 ва 69_ум ва мураббиёни муассисаҳои таълими томактабии рақами 14 ва 16_уми шаҳри Самарқанд ҳис кардан мумкин буд.
Ба онҳо аз номи Шӯрои раисони Иттиҳодияи касабаи кормандони таълим ва фанни Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Дар рафти чорабинӣ нисбати собиқадорон ва хизмати арзандаи онҳо дар соҳаи таълим суханони самимӣ гуфта, ба онҳо ниятҳои неке чун саломатӣ, умри дароз ва давлати пирӣ хостанд.
Барои онҳое, ки дар ин соҳа то ним аср меҳнат кардаанд, ташкил намудани имконияти чунин боздид бо ҳамкасбон ва шогирдон хурсандиовар буданашро на ҳама ҳам тасаввур карда метавонад. Вақте ки ба онҳо барои тарбияи насли наврас арзи сипос мекарданд, то чи андоза мамнун шудани онҳоро пеши назар овардан душвор аст. Нурониҳои таълим Ҳ. Очилов, Р. Камолов, Ҳ. Низомова, Х. Амриддинова, С.Турсунова ва дигарон барои чунин ташаббус ба Шӯрои иттифоқҳои касаба, дар навбати аввал ба И. Раҳимов, ки солҳо боз дар ин соҳа фаъолият дорад, ташаккур изҳор намуданд.
Дар чорабинӣ роҳбари шӯъбаи Академияи фанҳои Тӯрон дар вилояти Самарқанд Ф. Аҳмадҷонов ва шоир Н. Каримзода иштирок намуда, барои аксарият ибратбахш будани роҳи ҳаёти устодонро, самараи меҳнати онҳоро, ки дар даврҳои душвор кор кардаанд, таъкид намуданд. Инчунин, гуфтанд, ки раиси маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд Т. Раҳматуллоев барои хизматҳои арзандааш дар роҳи тараққиёти Ватан бо қарори шӯъбаи Академияи фанҳои Тӯрон ва раиси Бунёди байналмилали «Садриддин Айнӣ» бо нишони сарисинагии «Садриддин Айнӣ» мукофотонида шуд.
Дар чорабинӣ дастаи донишомӯзони мактаби таълими умуми рақами 6-и шаҳри Самарқанд суруд ва рақсҳо иҷро кардаву намоишҳои саҳнавӣ гузошта, нурониҳоро хурсанд намуданд.

Тошқул АЗИМОВ