Имрӯзҳо дар саросари кишвар боридани боронҳои шиддатнок, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба назар мерасанд. Ин боронҳои пай дар пай дар моҳи охири фасли баҳор ба соҳаи боғу токпарварӣ ва зироати кишоварзӣ чӣ таъсир расонида метавонанд?
Боронҳои пай дар пай решаи дарахтонро, ки 3-4 метр поён рафтааст, бо намӣ таъмин месозанд. Вале онҳо сабаби камҳосилии дарахтон ва гирифтор шудан ба бемории обсӯз мегарданд.
Борон барои марди деҳқон неъмате аст, ки метавонад рӯзгори онҳоро бисозад ва ё баръакс ба онҳо зарар оварад. Аз як ҷиҳат борон барои нашъунамои зироат зарур буда, миқдори он дар давраи нашъунамо ба ҳосили зироат таъсири бевосита мерасонад. Вале бориши аз ҳад зиёд метавонад омили обхезӣ, эрозияи хок, инкишофи алафҳои бегона ва дигар мушкилот гардад.
Боронҳои пуршидаат сабаби коҳишёбии ҳосили дарахтони донакдор мегарданд. Зеро гули онҳо аз таъсири борони бештар гардолуд нашуда, боиси кам гардидани ҳосил мешавад.
Боғпарварон бояд дар ин шабу рӯз гирди дарахтонро нарм намуда, атрофи онро аз алафҳои бегона тоза намоянд. Инчунин таъмин намудани нуриҳои минералӣ ва органикиро фаромӯш насозанд.
Боридани жола на танҳо ба дарахтон, балки ба зироати кишоварзӣ низ зиёновар аст. Он гулу ғура ва ниҳолҳои полезиро аз байн мебарад.
Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, солҳои охир тағйирёбии иқлим боиси камҳосилӣ ё талаф ёфтани ҳосили кишоварзӣ гардидааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки барои гирифтани ҳосили фаровон бояд навъҳои зироат ё дарахтонеро парвариш намоем, ки ба тағйирёбии мутобиқ бошанд.
Ҳ.Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ
