Дар ҳадиси шарифи Паёмбарамон (с. а. в.) омадааст, ки «Никоҳ суннати ман аст. Ҳар кӣ аз суннати ман рӯй гардонад, аз уммати ман нест».
Дар баробари риояи суннатҳои динию миллии худ дар масъалаҳои муҳим, аз қабили барпо кардани оила, тарбияи фарзанд, риоя ба қонунҳои мавриди амали кишвар низ зарур аст. Никоҳ, ки савдои умр мебошад, бояд ҳамеша бо таваҷҷӯҳ ва машварати васеъ сурат гирад. Зеро, оила асоси ҷомеа аст. Маҷмӯи оилаҳо ҷомеаро ташкил медиҳанд. Агар оила мустаҳкам бошад, ҷомеа ва кишвар мустаҳкаму устувор мешавад.
Бешубҳа, оилаи мустаҳкам дар таълиму тарбияи насли навраси дорои ҷаҳонбинии комил, имону самимият, содиқ ва дилсӯз ба Ватану халқи худ ва дар ҳифзи онҳо аз таъсири мухталифи бегона ва эътиқод нақши бузург дорад.
Инак, ҳар як фарзанд дар оила ба дунё меояд ва аввалин одобу малакаи зиндагиро аз падару модар меомӯзад. Яъне, худи падару модарон барои тарбияи фарзанд бояд намуна бошанд ва масъулияти бузургро ҳис кунанд. Дар оила ба ҳар писару духтар, ба тарзу услуби ба худи ӯ хос тарбия бояд дод. Дар ин ҷо нақши волидон бемисл аст.
Дар моддаи 58‑и Конститутсия пешбинӣ шудааст, ки зан ва мардон баробарҳуқуқанд. Давлат ӯҳдадор мебошад, ки ҳуқуқу имкониятҳои баробари занон ва мардонро дар идоракунии ҷамъият ва корҳои давлат, инчунин дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат таъмин намояд.
Аммо баъзе занҳо баробарҳуқуқиро нодуруст фаҳмида, гоҳо худро аз мардон болотар мегузоранд. Занҳо бояд худро аз мардон як зина паст гиранд. Агар дар муҳити хонавода баробарҳуқуқиро талаб намоянд, бо эҳтимоли бузург оила рӯ ба парокандагӣ меорад. Дар оила сарвар бояд мард бошад. Дар кадом оилае, ки зан худро «генерал» медонад, хушбахту мустаҳкам гардидани он оила ғайриимкон аст. Албатта, дар навбати худ шавҳар бояд бо зану фарзандонаш муомилаи нек намуда, вазифа ва масъулияташро ба таври комил иҷро кунад. Падару модарон нагузоранд, ки оила вайрон шуда, фарзандон сарсон шаванд.
Дар айни замон пойдории оилаҳо бештар ба сабру мулоҳизакорӣ ва пуртоқатии зану шавҳар вобаста аст. Дар муҳити оила гоҳо сабабҳои ночиз боиси баҳсу мунозира гардида, оромии хонаводаро халалдор мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки ин гуна ҳолатҳо ба таълиму тарбияи бачагон низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Оила маркази тарбияест, ки ҷовидонии зиндагӣ, идомаи наслҳоро таъмин намуда, анъанаҳои наҷиби моро ҳифз мекунад ва ба наслҳои оянда таъсири бевосита мерасонад.
Пас, барои мустаҳкам шудани оила чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама, муносибатҳои тарафайнро ба тартиб андохтан лозим аст. Бештари занҳо бар он андешаанд, ки агар сарвари оила сарватманд бошад, оила мустаҳкам мешавад. Мардон бошанд, занеро, ки ошпаз, чаққон, ширинзабон аст ва кори хонаро саривақтӣ иҷро мекунад, зани беҳтарин меҳисобанд. Албатта, ин таносубҳо низ дурустанд. Аммо бо пухтани таоми болаззат оила мустаҳкам намешавад. Аз ин рӯ, барои мустаҳкам шудани оила муҳим он аст, ки ҳамсарон ҳамдигарро фаҳманд ва дилбастагӣ дошта бошанд. Дар он ҷое, ки муҳаббати тарафайн, ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, камбудии моддӣ ва дигар душвориҳо ба осонӣ бартараф мешаванд.
Агар дар оила муҳити эҳтироми байниҳамдигарӣ пойдор бошад, оила хушбахт мешавад. Барои ин ҳар як узви оила бояд аз ҳамдигар суханони ширинро дареғ надоранд. Ба фарзандон низ ҳамин тавр таълим диҳанд. Зеро, парранда ҳар чиро дар лонааш бинад, ҳамонро иҷро мекунад. Гӯш карданро низ ёд гиранд. Айбдор бошанд, узр пурсанд. Узр пурсидан ҳам тавоноӣ аст.
Одам дар танҳоӣ ҳеҷ гоҳ ба бахту саодат намерасад. Ин ҳақиқатест, ки дар зиндагӣ исбот талаб намекунад.
Хулоса, оила аввалин ва муҳимтарин ҷойи тарбияи шукуфтани истеъдодҳост. Ҳар гуна дигаргунӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бояд аз он ҷо оғоз ёбад ва ҳар як иқдоми нек бояд пеш аз ҳама дар оила сурат гирад.
Лола РАҲИМОВА.
