Ovozi.uz

Дар Ҷомбой корхонаи истеҳсоли “Coca-Cola” ба фаъолият сар кард

Шумораи корхонаҳои истеҳсолии вилоят боз якто афзуд. Дар ҳудуде, ки аз ноҳияи Ҷомбой барои минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” ҷудо гардидааст, заводи CCI-и истеҳсоли нӯшокии “Coca-Cola” бунёд гардид.
Дар маросими кушодашавии корхона вазири инвеститсияҳо, саноат ва савдо Л.Қудратов, ҳокими вилоят Э.Турдимов, раиси раёсати ширкати “Coca-Cola”, сардиректори иҷроия Ҷеймс Куинси, раиси раёсати ширкати “Anadolu Group” Тунҷай Озилхон ва дигарон таъкид карданд, ки ширкати “Coca-Cola” аз соли 1994 ин ҷониб дар Ӯзбекистон фаъолият пеш мебарад.
– Мо ба Ӯзбекистон сармоя ворид карда, нахуст дар Тошканд, баъдан дар Урганч ва Намангон корхонаҳои истеҳсолии худро кушодем, — гуфт Ҷеймс Куинси. – Фикр мекунам, ки тавассути ин мо дар рушди иқтисодии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар саҳм гузоштем. Ҳамкории сисоли мо имрӯз густариш меёбад, ки аз ин хурсандем. Дар шаҳри шӯҳратёри Самарқанд ташкил гардидани боз як корхонаи мо, натиҷаи ҳамкории самарабахш бо Ӯзбекистон ва эътимоди мо ба пешрафти иқтисодии мамлакат мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи корхона, ки дар муддати кӯтоҳи даҳ моҳ дар 18,5 гектар майдон бунёд ёфтааст, 112 миллион доллари амрикоиро атшкил мекунад. 100 миллион доллари амрикоии ин маблағ сармоягузории хориҷӣ мебошад. Дар корхона, ки иқтидори истеҳсоли 280 миллион литр нӯшокиро дар як сол дорад, 200 ҷойи нави корӣ ташкил гардид. Ба бозорӣ дохилӣ баровардан ва ба кишварҳои ИДМ содир кардани маҳсулот пешбинӣ шудааст.
Меҳмонони олиқадр тугмаи рамзиро пахш карда, ба ҷараёни истеҳсолот дар корхона оғоз бахшиданд.
– Имрӯз дар 20 давлати ҷаҳон корхонаҳое, ки дар асоси сармоягузории ширкати мо бунёд шудаанд, фаъолият доранд ва дар онҳо беш аз 100 ҳазор нафар меҳнат мекунанд, — гуфт директори генералии ширкати “Anadolu Group” Бурак Башарир. – Аз ҷумла, мо аз соли 2018 дар Ӯзбекистон фаъолият дорем ва то ҳол тавонистем ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунем. Ин ифодаи боварии мо ба ҳукумат ва муҳити тиҷоратии Ӯзбекистон мебошад. Мо бовар дорем, ки ҳамкориҳои сармоягузории мо дар оянда низ ривоҷ ёфта, дар ин замина лоиҳаҳои муштаракро татбиқ мекунем. Бахусус, дар ҷойи заводе, ки ҳоло дар Намангон фаъолият дорад, ташкили корхонаи дорои инфрасохтори замонавӣ дар назар аст. Инчунин, бобати ҷорӣ кардани технологияҳои нав бо мақсади афзунсозии сифати хидматрасонӣ дар растаҳои савдои Ӯзбекистон, камсозӣ ва оптимизатсияи хароҷоти роҳ, бозомӯзии кормандони ботаҷриба ворид кардани сармояҳоро идома медиҳем.
Иштирокдорони тадбир бо ҷараёни истеҳсолоти корхонаи нав шинос шуданд.