Ovozi.uz

Фаровонӣ хуб аст, аммо…

Мавзӯъ барои мулоҳиза

Бо таклифи соҳибтӯён вориди тарабхонаи боҳашамат гашта, ба гирди мизи нишондодаашон нишастем. Рӯйи дастархон пур аз нозу неъмат, нуқлу наво, шаробу нӯшокиҳо буд. Мӯйсафеде микрофонро гирифта ояте аз Қуръони карим тиловат кард. Даст бардошта, дар ҳаққи соҳибтӯйҳо ва фарзанди онҳо дуои хайр гуфту ҳама баробар омин кардем. Диққати маро на нақшу нигори толор, балки оинаи нилгуни калонҳаҷм, ки ба девор овезон буд, ҷалб намуд. Дар он филми ҳуҷҷатӣ дар бораи олами ҳайвонот намоиш дода мешуд. Ҳангоми тамошо ҳарчанд ваҳшӣ бошанд ҳам, ба он ҷонварон дилам сӯхт. То қуте меёбанд, ки чӣ қадар заҳмат мекашанд, гоҳ сер, гоҳ гурусна бо якдигар дарафтода, зери барфу борон, бе хонаву манзил сарсон мегарданд. Ҳамроҳам маро такон дода ба худ овард.
— Э, мон ҳамин телевизора, ягон чиз хӯр! — гуфт бо даҳони пур.
Чашм ба рӯйи дастархон давондам. Ана шоҳона зиёфат, ҳама чиз муҳайё аст. Чаҳордаҳ кас аз як миз тановул мекардему тамом намешавад. Гӯё дастархон сеҳрнок буд. Нозу неъмат, гӯшту яхнӣ, мурғи пухта, пис­таву бодом, нону фатир, самбӯсаю бичак, якчанд намуд торту ширинӣ, ки ҳамаашро номбар кунам охир надорад.
Ҷойи холишудаи нӯшокиҳоро шишаҳои пур ишғол мекарданд. Соқӣ бо чобукӣ даҳони онҳоро мекушоду қадаҳҳоро аз нав пур сохт. Ба чеҳраи меҳмонон чун шафақ сурхӣ дамид. Кайфияташон болида шуд. Мутрибон пас аз сурудани ду суруди вазнин ба сурудҳои сабуки рақсу бозӣ гузаштанд. Базмгоҳ торафт метафсид. Ду нафар раққоса дар саҳна хиром мекарданд. Онҳо қоматҳои зебои худро «реклама» карда, атрофи ҳар як мизи тӯйхонаро бо навбат давр мезаданд ва аз ҳозирон «чипта» мечинданд.
Ҳозирон бо якдигар баланд-­баланд гап мезаданд. Бо тамоми овоз механдиданд. Ба шахсоне, ки табрик мекарданд, аксар эътибор намедоданд. Ҳоло тӯй нисф нашуда, аллакай меҳмонони ҷонсарак тарабхонаро тарк мекарданд. Соҳибтӯён фурсати нишастан надоштанд. Якеро гусел карда фавран аз паси дигаре даст ба пеш то беруни дар мебаромаданд. Ҷойҳои нишаст холӣ мегардиду аз ин ҳол дида чеҳраи соҳибтӯёнро андӯҳу маъюси пахш мекард. Дилам фарёд кашид, ки:
— «Ҳой, мусалмонон, кай одоби меҳмонравиро меомӯзем?»
Пас аз хӯроки дуюм дар тӯйхона қариб, ки ҳеҷ кас намонд.
Ларзон, ларзон мекунад,
Ҷунбон, ҷунбон мекунад.
Аз овози баланди мусиқа базмгоҳ ба ларза даромад. Нағмасароии ҳофизон торафт авҷ мегирифт. Меҳмонони сархуш бо раққосаҳо «мусобиқа» мекарданд. Яке аз давра баромада, дигаре дар рақсу бозиву дастҷунбонӣ маҳорати худро намоиш медоданд. Наворгир бо завқ ҳамаи ин лаҳзаҳоро ба навор мебардошт. « Ал ҳаёю мин-ал-имон» аз байн рафт. Гӯиё базм ба рақси шайтонҳо табдил ёфт.
Вақте ки таоми сеюм — палавро оварданд, дар паси ҳар миз ду-се нафари ғарқи хаёлоту сӯҳбати худ менишастанд. Онҳо ҳам, бо дили нохоҳам ба таом чашм медавонданду бас. Ош дар табақҳо «мулзам» монд. Бо хӯрокҳои боқимонда боз чанд гуруснаро сер кардан мумкин буд. Ба экрани оинаи нилгун нигаристам. Ду заргӯши сафед қабати барфро кофта решаи растаниро канда мехӯрданд. Раҳмам омад. Як ба заргӯшҳо ва як ба дастархони рӯйи миз нигоҳ кардам…

Комил ҶӮРАЗОДА