Дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Чорчинор»-и ноҳияи Ургут семинар гузаронида шуд. Дар он зикр гардид, ки соли ҷорӣ ба истироҳатгоҳҳои тобистона ҷалби зиёда аз 20 ҳазор нафар бачагон, аз ҷумла, ба 15 истироҳатгоҳи статсионарӣ 9 610 нафар ва ба 61 истироҳатгоҳи рӯзона ҷалби зиёда аз 11 ҳазор нафар бачаҳо дар назар аст. Дар мавсими ҷорӣ фаъолият нишон додани 60 нафар тарбиятгар ва 60 нафар сарвар ба нақша гирифта шуда, илова бар ин, рӯйхати 112 нафар педагогҳои захиравӣ таҳия карда шудааст.
Бо мақсади мувофиқсозии фаъолияти истироҳатгоҳҳо ва бартараф кардани муаммоҳои пешомада дар садорати вилоятии департаменти ташкили истироҳат ва солимгардонии бачагон дар сохтори Федератсияи итифоқҳои касаба штаби алоҳида ташкил хоҳад шуд.
Дар семинар масъулини садоратҳои корҳои дохилӣ, ҳифзи тандурустӣ, таълими томактабӣ ва мактабӣ, осоиштагии санитарӣ-эпидемиолгӣ ва саломатии ҷамоатӣ, варзиш, вазъиятҳои фавқулода ва Гвардияи миллии вилоят, ки ба истироҳатгоҳҳо масъуланд, дар бораи корҳое, ки бобати омодасозии истироҳатгоҳҳо ба мавсим амалӣ мегарданд, маълумот доданд.
Ҳангоми омӯзиши вазъи баъзе истироҳатгоҳҳо анё гардид, ки ҳавзаҳои обӣ барои истифода тайёр нестанд, гирду атроф аз алафҳо тоза карда нашудааст ва ба талаботи бехатарии сӯхтор ҷавоб намедиҳанд.
— Ташкил гардидани департамент фаъолияти бомароми истироҳатгоҳҳо ва назорати онҳоро таъмин менамояд, — гуфт раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи ходимони ҳифзи тандурустӣ Фарҳод Ханапиев. — Ҳамчунин, ин имкон медиҳад, ки бачаҳо ба истироҳатгоҳҳо на маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ раванд. Барои ин моро зарур аст, ки дар истироҳатгоҳҳо барномаҳои шавқовар, чорабиниҳои маънавӣ-маърифатиро бештар ташкил кунем. Чунки бачаҳо на ба шаҳомати бинову шароитҳо нигоҳ карда, балки ба пурмазмун гузаштани рӯз баҳо медиҳанд.
Дар анҷоми семинар иштирокдорон бо шароитҳои истироҳатгоҳи «Чорчинор» шинос шуданд.
Ҳусан ЭЛТОЕВ
Оё истироҳатгоҳҳо ба мавсим омодаанд?
