Дар мамлакатамон бо ташаббуси Ассотсиатсияи волонтёрҳои Ӯзбекистон барои амалӣ намудани фаъолияти волонтёрҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар назди садорат ва шӯъбаҳои Агентии кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ «Мактаби волонтёрҳо» ташкил гардида, босамар фаъолият пеш мебаранд. Ҳоло дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд низ «Мактаби волонтёрҳо» амал мекунад ва волонтёрҳои зиёд узви ин мактаб мебошанд.
— Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 уми апрели соли 2022 «Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии минбаъдаи фаъолияти волонтёрӣ» таҳти рақами 169 Низоми намунавӣ оид ба тартиби татбиқи вазифа ва функсияҳои мақомоти давлатӣ ба воситаи волонтёрӣ дар шакли нисбатан самарабахш ва сарфакорона тасдиқ карда шуд, — гуфт коршиноси «Мактаби волонтёрҳо» Ҷамолиддин Имомназаров. — Аз 1 уми июни соли 2022 дар пойгоҳи Портали ҷавонони Ӯзбекистон платформаи электронии волонтёрҳо ба кор дароварда шуд.
Тӯли соли гузашта волонтёрҳо дар доираи 400 лоиҳаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, маъюбон ва пиронсолон кӯмак расониданд. Аз ҷумла, то имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ зиёда аз 200 гурӯҳи волонтёрӣ ташкил гардида, дар маҷмӯъ 102 ҳазор ҷавононро ҷамъ кард ва дар роҳи корҳои хайр, амалҳои шоиста муттаҳид намуд.
Маҳз дар асоси ин қарор барои татбиқи лоиҳаҳои беҳтарини гурӯҳҳои волонтёрҳо ҳар сол то 200 баробари миқдори ҳисоби базавӣ ҷудо кардани маблағ пешбинӣ шудааст. Моҳи июни соли 2023 ба озмуне, ки Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи волонтёрҳои Ӯзбекистон бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои волонтёрҳо эълон карданд, 218 лоиҳа вобаста ба соҳаҳои экология, таълим, тандурустӣ, ВАО ва туризм пешниҳод гардиданд. Аз ин миқдор 70 лоиҳа ғолиб дониста шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Самарқанд маблағгузории лоиҳаҳои «Мактаби онлайни волонтёрҳо», «EduNation» ва «Заминамонро тоза нигоҳ медорем!» муқаррар гардид.
Инчунин, бо мақсади татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ва ташаккули маданияти экологии ҷавонон тирамоҳи соли 2023 дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ «Ҳашари ҷавонон» гузаронида шуда, дар он 17 708 нафар волонтёрҳо иштирок карданд. Дар ҷараёни ҳашар қариб дар 300 гектар майдон зиёда аз 170 ҳазор ниҳоли дарахтони манзаравӣ ва мевадиҳанда шинониданд. Аз онҳо 165300 то ниҳол ба платформаи yashilmakon.eco ворид карда шуд ва барои нигоҳубини доимии онҳо масъулон таъин гардиданд.
Инчунин, дар чорабиниҳои «Макони сабз», «Ҳимоятгари муҳити зисти ҷавонон», «Парки маъюбон», ки эко-волонтёрҳо дар 9440 маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ташкил намуданд, қариб 700 ҳазор ҷавонон иштирок карданд. Барои онҳо оид ба тартиби дуруст шинонидан, парвариш ва нигоҳубини босифати ниҳолҳои дарахтон, инчунин истифодаи самараноки захираҳои табиӣ семинарҳои таълимӣ ва амалӣ, тренингҳо ташкил карда шуданд.
Бояд гуфт, ки соли 2024 дар давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Соли волонтёрҳо» эълон гардид. Дар давоми сол бо иштироки коршиносони минтақавӣ барои лоиҳаҳои волонтёрҳо озмунҳо ташкил карда, лоиҳаҳои беҳтарин маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Илова бар ин, дар давоми сол гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, фестивал ва дигар чорабиниҳо барои мураббиёни «Мактаби волонтёрҳо» дар минтақаҳо дар назар аст.
Волонтёр кист?
Волонтёр калимаи фаронсавӣ буда, маънои он мададгори ихтиёрӣ, шахсе мебошад, ки ба манфиати Ватан ва мардум ройгон кумак мерасонад. Тавассути пайваст шудан ба фаъолияти мададгорӣ касбияти волонтёр аз лиҳози инсонӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва аз ҳама муҳим, эҳтиром ба калонсолон зиёд мегардад. Вақте ки шахс ба фаъолияти волонтёрӣ мепайвандад, пеш аз ҳама, дар замираш дарки масъулият пайдо мешавад. Ин гуна шахсон мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаро ба пеш баранд ва худро узви фаъоли ҷомеа эҳсос кунанд.
Хадича ҲАБИБУЛЛОЕВА
Дар роҳи корҳои хайр муттаҳиданд
