Ovozi.uz

Ҳокими вилоят бо губернатори шаҳри Санкт-Петербург вохӯрд

22-юми майи соли ҷорӣ ҳокими вилоят Э. Турдимов бо губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Русия Александр Беглов вохӯрд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими алоқаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданию гуманитарӣ баррасӣ гардид. Дар натиҷаи музокираҳо, дар ҳамкорӣ, рушди истиқболнокии соҳаҳои санъату маданият, тайёрнамоии мутахассисон, фармасевтика, электротехника, металургия ва комуникатсияи технологии ахборӣ ба миён гузошта шуд. Инчунин, дар давоми вохӯрӣ рӯзи 28 -уми июн иштироки 15 нафар «хатмкунандагони аълочии мактаб» аз вилоятамон дар чорабинии «Алие паруса», ки дар шимоли пойтахти Федератсияи Русия гузаронида мешавад, маълум карда шуд. Дар хотима оиди рушди ҳамкорӣ ва мувофиқгардонӣ байни вилояти Самарқанд ва шаҳри Санкт-Петербург тартиб додани гурӯҳи кории махсус ва гузаронидани бизнес -форум дар ҳарду минтақа муаяйн карда шуд.