Ovozi.uz

Мӯй — ҳусни духтар!

Даруни автобус аз одамон пур буд. Дар байни онҳо ҷавонписарон ва духтарони сумкадор, ки аз мактабу донишгоҳҳо бармегаштанд, зиёдтар буданд. Дар ҳар як истгоҳ ду-се нафар фароянд, панҷ-шаш нафари дигар дохили автобус мешуданд.
Пулчини автобус ҳар замон аз ҷавонони назди дар илтимос мекард, ки ба миёнатар гузаранд.
Автобус ба яке аз истгоҳҳо наздик шуда буд, ки овози баланди «во-ой» гуфтани духтараке диққати ҳамаро ба худ кашид.
Автобус истод. Маълум шуд, ки мӯи кушодаву ба пушташ сардодаи духтарак ба қулфаки сумкаи пушти духтараки оқибаш дармонда, ҳангоми ба пеш қадам гузоштан, як қабза мӯяш канда шуда, ӯро азоб додааст.
Вай мӯяшро аз банд раҳо карда, хиҷолатмандона аз автобус фаромад.
Пирамарде ин ҳолатро дида гуфт:
— Эҳ духтаракони олуфта! Ин чӣ коратон, ки мӯйҳоятонро пушту пеш сар дода мегардед? Мана оқибати олуфтагии шумоён. Охир дар замони қадим занҳои мотамзада мӯйҳояшонро сар дода мегаштанд. Ин маънои онро дошт, ки онҳо ғамзада, аз наздики худ ҷудо шудаанд. Ҳама ба ӯ ҳамдардӣ мекарданд. Ҳоло чӣ? Хурду калон, ҳатто духтаракони мактабҳо ҳам мӯйҳояшонро кушода, ба мактаб мераванд. Мӯй ҳусни духтар! Онро бофанд, ҳуснашон даҳчанд зиёд мешавад.
Эътибор ҲАЙДАРОВА