Дар филиали Маркази тахассусии тиббии илмӣ-амалии травматологияи ҷумҳурӣ дар Самарқанд бо иштироки ходимони васоити ахбори оммавӣ пресc-тур гузаронида шуд.
Мувофиқи маълумоти масъулони марказ, дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ саҳни бино аз нав таъмир гардида, роҳравҳои он мумфарш ва чароғҳои худафрӯз насб карда шудаанд. Барои боз ҳам беҳтар намудани сифати хидматҳои тиббӣ таҷҳизотҳои муосиртаринро низ овардаанд. Дастгоҳи денситометрияи рентгени InAlyzer Air-и истеҳсоли Кореяи ҷанубӣ, дастгоҳи МСКТ-и ширкати Mr Found, анлизатори биокимиёии RT‑1904C Semi-auto, дастгоҳи рентген барои стомотология, 4 дастгоҳи рақамии рентган аз ҷумлаи таҷҳизоте мебошанд, ки дар солҳои 2023–2024 барои маркази тиббӣ харид карда шудаанд.
Дигар ҷиҳати ҷолиби диққати марказ дар он барномаи рақамӣ роҳандозӣ гардида, ҳамаи ҷараёнҳо, аз ҷумла қабули беморон, навбатпоии онҳо, ташхиси духтурон, ҳисоботҳо ва дигар амалиётҳо ба таври электронӣ сурат мегиранд. Дар натиҷа, беморон дар дақиқаҳои камшумор аз рӯйхат мегузаранд ва коғаз бардошта дар ба дар намегарданд.
— Дар маркази мо ҷамъ, 540 нафар ходим кор мекунанд, — гуфт директори филиал, ҷарроҳи травматолог Ойбек Муҳаммадқулов. — Аз ин 101 нафар духтур, 268 нафар ходимони тиббии миёна ва 35 нафар ходимони дигар мебошанд. Инчунин, 15 нафар номзадҳои илм, 5 нафар дотсент ва 3 нафар доктори фанҳои тиббӣ, профессор низ фаъолият нишон медиҳанд. Ҳар сол як чанд ходимро ба кишварҳои Италия, Русия, АМА, Грузия, Туркия ва дигар мамлакатҳои хориҷа барои андӯхтани таҷриба ва омӯхтани ҷарроҳиҳои мураккаб мефиристем. Дар 5 моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ ҳам 37 нафар ходими мо ба хориҷа рафта, малакаи худро зиёд намуданд.
Таъкид гардид, ки ба марказ ва поликлиникаи назди он аз давлатҳои хориҷа низ беморони зиёд барои муолиҷа ташриф меоранд.
Сипас, иштирокдорони пресс-тур аз Маркази тиббии бисёрсоҳаи кӯдакони вилояти Самарқанд дидан карда, бо шароитҳои он шинос шуданд.
— Солҳои охир бисёр шӯъбаҳои маркази тиббии мо бо технологияҳои баландиқтидор таҷҳизонида шуданд, — гуфт сарҷарроҳи марказ Муҳаммадқул Азизов. — Ба ин шӯъбаҳои кардиохирургия, ангиохирургия ва гемодиализи бачаҳоро метавон мисол овард. Инчунин, барои муайян кардани намудҳои модарзод ва пайдошудаи патологияҳои гӯш дар бачаҳо дастгоҳи аудиометрии компутерӣ оварда шуд.
Дар тӯли соли 2023 маркази тиббии мазкур 11918 амалиёти ҷарроҳиро гузаронидааст, ки 3836‑тои онҳо ҷарроҳии мураккаб ҳисобида мешаванд. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ бошад, дар 1389 нафар бемор амалиётҳои технологии пешрафта гузаронида шудаанд.
Инчунин, таъкид гардид, ки муассиса дар соли 2023 бо 3 клиникаи бонуфузи ҷаҳон меморандумҳои ҳамкорӣ имзо намудааст.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
