Дар пешгаҳи ҳавлии мо ду хонаи кӯҳна буд. Аз устое хоҳиш кардам, ки онҳоро таъмир кунад. Усто ҳар рӯз пагоҳӣ корро сар мекард ва бегоҳӣ партовҳои таъмирро нағундошта мерафт. Ман ҷойи кори усто — хона тоза шавад гуфта, партовҳоро ба кӯча мекашондам. Як рӯз онро баровардаму роҳ рафта натавонистам, миёнам сахт дард кард. Ман илоҷе карда дастамро шустаму ба хонаи худ даромадам. Баъди ҳамин ҳаракат кардани ман душвор шуд.
Духтарам шифокор аст. Ба вай занг зада аҳволамро фаҳмондам. Духтари шифокорам хеле хафа шуд. Чунки миёнам лат хӯрда будааст ва ҷумбидан ҳам мумкин набудааст. Ҳамин тавр ман бистарӣ шудам.
Баъди чанд рӯзи табобат худамро андаке хуб ҳис кардам. Дар паҳлӯи бистарам, дар масофаи дастрас рафи китобҳо буд. Дар рафча ҳафт китоби нависанда Болта Ортиқов меистод.
— Аҷиб, дар китобхонаи ман ҳамин қадар китоби устод будаасту ягонтои онҳоро нахондаам, — фикр кардам ман ва дастам беихтиёр сӯи рафча рафту китоби ба дастам афтодаро гирифтам. Он китоби «Қиссаи мӯмиё»-и нависанда будааст.
Пештар аз дилам андешаи «Барои сиҳат шудан мӯмиё хӯрдан даркор» гузашта буд.
Ман зуд хондани китобро сар кардам. Қисса ба ман чунон маъқул шуд, ки баъди мутолиаи он тарҷимаашро ба забони русӣ оғоз намуда, дар муддати кӯтоҳ анҷом додам. Мутаассифона, ҳоло барои шоиру нависандаҳо чопи китоб кори саҳл нест. Миллионҳо сӯм музди чопи онро бояд худамон диҳем. Ман ҳоло нафақахӯр ҳастам. Барои чопи китоб бо чанд нафар занҳо, ки дар маҳаллаамон зиндагӣ мекунанд, «касса» бозӣ карда, он китобро бо номи «Ашкҳои кӯҳӣ» («Горные слёзы») баровардем. Вале китоб дар мағозаи «Олами китоб» чанд сол истоду онро фурӯхта натавонистанд. Ман китобро аз он ҷо гирифта, ба китобхонаи шахсиам овардам. Хуллас, ин корҳо аламовар аст, вале ба вуҷуди он аз муаллифи «Қиссаи мӯмиё» бисёр хурсанд шудам. Илоҳо руҳашон шод, ҷояшон аз ҷаннат ва қабрашон пурнур шавад.
Дар китоб Болта Ортиқов ба саволи чӣ хел фарқ кардани мӯмиёи ҳақиқӣ ва тоза ҷавоби саҳеҳ додаанд. «Пораи арзан барини мӯмиёро ба даҳон андозед, он ба об шудан сар мекунад, аввал таъмаш тахирча, баъди боз андаке об шудан мазааш ширинтар мешавад…
— Ана кашфиёт, — гуфтам ба худам. Духтарам чанд хел мӯмиё овард. Аз баъзеи онҳо таъми мум меомад. Мӯмиёе, ки дар охир овард, ҳақиқӣ ва тоза будааст. Мӯъҷиза рӯй дод. Ман онро хӯрдаму саломатиам нағз шуд. Мутолиаи китоби «Қиссаи мӯмиё» ба мани бемор фоидаи калон расонд. Чун пештара солим шудам. Ман он касро доимо дуо мекунам. Илоҳо дуоҳоям дар болои гӯрашон чаман шавад.
Дар омади гап бояд гӯям, ки дар ҳар як асари устод Болта Ортиқов чунин маслиҳатҳои ба назар оддӣ, вале хеле арзишманд, ки мумкин дар ҳаёт ба мо кор ояд, кам нестанд.
Хулоса, Болта Ортиқов нависандаи соҳибтаҷриба ва донишманде аст, ки ҳар як сатри асарҳои худро ба мақсаде ва истифодаи онро барои дигарон фоидабахш карда навиштааст. Танҳо эҷодкороне, ки дили беғубор дошта, бачаҳоро дӯст медоранд ва арзишҳои умумибашарӣ ва дӯстиро тараннум мекунанд, чунин асарҳо офарида метавонанд ва онҳо кам андар кам мебошанд.
Ҳамида КАРИМОВА,
шоира, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.
