Ovozi.uz

ҶУРЪАТ (Ҳикоя)

Саид бо духтарчаи худ аз кӯдакистон бармегашт. Табъи болида дошт. Вақте аз назди бозор мегузаштанд, ногоҳ чашмаш ба фурӯшандае афтод, ки пуфак мефурӯхт. Хурду калон атрофи ӯро гирд карда буданд. Бачаҳо бо сару садо «ба ман сурхаш», «ба ман кабудрангашро диҳед», «ба ман пуфаки калонтаринашро диҳед» мегуфтанд. Саид ин ҳолро диду дар як лаҳза ба чеҳрааш ғам соя афканд. Дар умқи дили худ дарди ҷонкоҳеро эҳсос намуд ва он рӯзи машъуми айёми кӯдакӣ пеши рӯяш ҷилвагар шуд…
Фасли тобистон буд. Ҳаво гарму тафсон. Саиду хоҳараш ҳамроҳи падар дар боғи истироҳатии шаҳр сайр мекарданд. Вақте аз пеши мағоза мегузаштанд, Саид бастаи пуфакҳоро диду аз падараш хоҳиш кард, ки пуфак харида диҳад. Падар барои Саидҷону духтараш пуфак харид. Бачаҳо бо пуфак бозӣ карда, пеш давиданд. Пуфаки худро ба ҳаво партофта, дубора медоштанд. Онҳо саргарми бозӣ ба роҳи калон расиданд. Падар ду-се қадам дуртар буд. Ногоҳ пуфаки дасти Саид, ки ба ҳаво партофта буд, бо шамол ба роҳи калони мошингард баромад. Падар аз тарси он ки Саид ба роҳ набарояд, бо сад хаёл аз қафои пуфак давид ва мошинеро, ки аз рӯ ба рӯ меомад, надиду садама рӯй дод ва қиблагоҳи хонадон даргузашт…
— Дадаҷон, ба ман пуфак харида диҳед, — гуфтани духтарча Саидро аз олами андешаҳо берун овард. Ба духтараш нигоҳ кард, ки бо шавқ ҷониби пуфакҳо менигарист.
Саид хост ба сӯи пуфакҳо қадам гузорад, аммо ҷуръат накард.

Рухсора ДӮНАБОЕВА