Нақш ва аҳамияти Иди Қурбон дар мустаҳкамсозии тамоюлҳои нек, аз қабили меҳру оқибат, фарохдилӣ, накӯкорӣ, мурувват, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳаёти маънавии мо беҳамто аст.
Бо мақсади сазовор истиқбол намудан ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин рӯзи фархунда, ҳифзу тарғиби ғояҳои башардӯстонаи дини мубини ислом, инчунин арзишҳои миллӣ:
- Ахбори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи дар соли 2024 ба санаи 16‑уми июн — якшанбе рост омадани рӯзи аввали иди Қурбон чун маълумот қабул гардида, 16‑уми июн дар кишвар ҳамчун рӯзи иди Қурбон васеъ ҷашн гирифта шавад.
- Зеринҳо:
а) Мувофиқи моддаи 208-и Кодекси меҳнат:
бинобар ба рӯзи истироҳатӣ рост омадани рӯзи якуми иди Қурбон, ки рӯзи истироҳати ғайрикорӣ маҳсуб мешавад, ин рӯзи истироҳатӣ ба рӯзи 17‑уми июн, душанбе гузаронида мешавад;
ин ҷо ба туфайли истеҳсолот — шароитҳои техникӣ ва ташкилӣ (мавҷудияти истеҳсолоти бефосила, хизматрасонии ҳамарӯза ба аҳолӣ, кор дар асоси навбатдорӣ ва ғайра) иҷрои корҳое, ки дар рӯзҳои ид боздоштани онҳо мумкин нест, ба рӯзи дигар нагузаронидани рӯзҳои истироҳат;
б) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22‑юми декабри соли 2023 «Дар бораи муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи ҷашни санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2024» таҳти рақами ФП‑213 барои ҳамаи кормандон чун рӯзи иловагии ғайрикорӣ муқаррар кардани 18‑уми июн, рӯзи сешанбе барои маълумот қабул карда шавад. - Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Кумита оид ба корҳои дин, Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя бо ташкилотҳои шарик барои дар асоси анъана ва арзишҳои миллии халқи мо гузаронидани иди мубораки Қурбон чораҳои дахлдор андешанд.
- Кумитаи туризм якҷоя бо Вазорати нақлиёт барои ташкили зиёрати ҷойҳои муқаддас ва зиёратгоҳҳо барои ҳамватанон дар рӯзҳои иди Қурбон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад.
- Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили иди Қурбонро васеъ инъикос намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М.М.Комилов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
шаҳри ТОШКАНД,
11‑уми июни соли 2024.
