Солҳои охир дар кишварамон мисли дигар соҳаҳо ба хоҷагии деҳот низ эътибори алоҳида дода барои фермерону роҳбарони кластерҳои хоҷагӣ ва ширкатҳои хусусӣ имкониятҳои фаровон фароҳам оварда мешаванд. Чунин ислоҳот ва самараи онро дар мисоли ноҳияи Пастдарғам низ мушоҳида кардан мумкин. Зеро дар ноҳияи мазкур хоҷагиҳои фермериву ширкатҳои хусусӣ бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада фаъолияти худро оқилона пеш мебаранд. Ба ин зимни пресс-туре, ки ба ноҳия ташкил карда шуд, гувоҳ шудем.
Иштирокдорони пресс-тур нахуст бо фаъолияти ширкати хусусии моҳипарварии «Пӯлат балиқ ҳавзаси» шинос гардиданд. Мувофиқи маълумотҳои роҳбари ширкат Умед Облоқулов ширкати моҳипарварии мазкур соли 2012 дар 4 гектар замин ташкил шуда, имрӯз масоҳати он ба 15 гектар расидааст.
— Соле то 1000–1200 тонна моҳӣ парвариш карда, ба дигар вилоятҳо ва мамлакатҳои ҳамсоя, хусусан Афғонистону Тоҷикистон мефурӯшем, — гуфт ӯ. — Дар ширкати мо асосан зағорамоҳии ветнамӣ, лаққаи африқоӣ, карни нуқраранг, беламур, тилапияи мозамбикӣ ва дигар навъҳои моҳӣ парвариш карда мешаванд. Ғизои моҳиро аз кишварҳои Эрону Дания меорем. Моҳиёнро асосан то се моҳ парвариш карда, сипас ба бозор мебарорем ва бо тухмиҳои онҳо мавсими нави парваришро оғоз мекунем.
Манзили навбатии иштирокдорони пресс-тур Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Элбек ТРЖ» шуд, ки бо коркарди дубораи нахи пилла фаъолият дорад. Ҷамъият дар оғози мавсими пиллапарварӣ 5 525 қутти кирмакро ба хоҷагиҳо тақсим карда, дар охири он зиёда аз 200 тонна пилла ҷамъоварӣ намудааст. Ҳоло ҷараёни ҷамъи ҳосил идома дорад ва ин нишондиҳанда метавонад зиёдтар шавад. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Элбек ТРЖ» пилларо хушконида, аз он маҳсулоти гуногун истеҳсол ва ба кишварҳои хориҷа экспорт мекунад. Соли гузашта ҳаҷми экспорти он 1 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил карда, масъулон ният доранд ҳаҷми имсолаи экспортро ба 2 миллион доллар расонанд. Ҳоло дар корхонаи мазкур 70 нафар ходим доимӣ кор мекунанд, вале дар авҷи мавсимҳои пиллапарварӣ ходимони он то ба 7 ҳазор нафар мерасидаанд.
Сипас, аз хоҷагии фермерии «К. Элдор» дидан кардем. Фермерии мазкур, ки 192,5 гектар заминро фаро гирифтааст, солҳои 1999–2000 ташкил шудааст.
— Хоҷагии фермерии мо асосан ба мурғпарварӣ, чорводорӣ ва истеҳсоли ғизои онҳо ихтисосонида шудааст, — гуфт роҳбари хоҷагии фермерии мазкур Рустам Шеров. — Дар ин ҷо 200 ҳазор мурғ парвариш карда мешаванд, ки зиёда аз 120 ҳазори онҳо тухм мегузоранд ва боқимонда ҳанӯз чӯҷаанд. Ҳоло дар ферма зиёда аз 200 гови навъи украинӣ мавҷуд буда, аз онҳо дар як рӯз зиёда аз 4 тонна шир медӯшанд. Ширро дар асоси шартнома ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ширӣ мефурӯшем. Роҳбарони хоҷагии фермерӣ таъкид намуданд, ки дар рӯзҳои наздик заводи истеҳсоли ғизои мурғ ва чорворо ба истифода месупоранд ва дар моҳҳои наздик фермаеро ҳам бунёд мекунанд, ки барои 1,5 ҳазор сар чорвои калон пешбинӣ шудааст.
Ҳасан СОДИҚОВ
