Ovozi.uz

Салоҳияти экспортии Булунғур баланд мешавад



Рӯзи 12 уми июн дар ноҳияи Булунғур оиди мавзӯи «Натиҷадории чорабиниҳо барои баланд бардоштани салоҳияти экспортии ноҳия» пресс-тур ташкил карда шуд ва як гурӯҳ журналистон ба корхонаҳои вилоят сафар карданд. Мо аввал дар корхонаи «BULUNGUR-SANDVIK» ки соли 1990 якҷоя бо корхонаи «NORD NATURAL FOOD ALLIANCE LTD»-и давлати Канада кушода шудааст, шудем.
Ба мо директори корхона Носир Юсуфов дар хусуси корхона маълумот дод.
— Корхонаи мо 16 намуди сабзавотро хушк карда ба мамлакатҳои ИМА, Германия, Канада, Фаронса, Русия ва ғайра экспорт мекунад. Миқдори экспорт дар як сол 2 ҳазор тонна ё ки ба ҳисоби 6 миллион доллар аст. Замини корами мо 342 гектар буда, аз аҳолӣ мувофиқи шартнома сабзӣ, қаланфур, бойимҷон, лаблабу, картошка, ҳамагӣ 18 намуди сабзавотро хушк ва барои экспорт ба мамлакатҳои хориҷа тайёр мекунем.
Вай боз таъкид намуд, ки дар корхонаи мазкур 230 нафар корманд меҳнат мекунад. Аз онҳо мисли Собир Юсуфов, Нигора Уралова, Азим Раҳимов, Нодира Худоёрова, Исроил Азизов бо меҳнат ва интизоми худ намунаи ибрат ҳастанд. Дар корхона 2 сех фаъолият дорад.
Корхонаи мазкур дар вақти мавсим дар як моҳ як миллиону 50 ҳазор куб гази табии арзиши умумиаш 945 млн. сӯминаро харҷ мекунад. Дар як сол бошад ин нишондод ба 7 миллион куб мерасад. Барои кам кардани сарфи гази табиӣ корхона дегҳои буғии замонавии 295 ҳазор долларина овард. Дар натиҷаи ин ҳар моҳ 60 ҳазор ва ҳар сол 360 ҳазор куб гази табиӣ сарфа карда мешавад.
Баъд дар корхонаи «FRUITSLAND EXPORT» шудем. Роҳбари корхона Ойбек Бурҳонов низ ба мо дар бораи рафти кор сухан кард.
— Корхонаи мо аз 11 уми июни соли 2020 бо хушк кардани сабзавот аз рӯйи технологияи Туркия машғул аст. 20 гектар токзор дорем. Маҳсулотҳоро аз аҳолӣ мувофиқи шартнома қабул карда мегирем. Ҳоло мо олуро хушк карда истодаем. Асосан ба Русия ва Украина экспорт мекунем.
Ҷамъи коргарони мо 30 нафаранд. Дар оянда барои зиёд кардани шумораи коргарон ва бисёр намудани навъи маҳсулот ҳаракат мекунем.


Толиб ЮНУСЗОДА