Ovozi.uz

Дар анҷумани ҷавонон ҷоизадори Нобел иштирок кард

Дар саросари мамлакатамон зери шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» фестивал, форум ва анҷуманҳо гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд низ таҳти шиори «Shaping the Science» (Ташаккули дубораи илму фан дар шуури ҷавонон) форуми ҷавонони эҷодкор ташкил гардид. Дар маросими кушодашавии анҷуман ҷоизадори Нобел Геролд Вермус иштирок намуда, ба иштирокдорони анҷуман омад талабид.
Таъкид кард, ки ба марҳилаҳои нав баровардани салоҳияти илмии кишварамон маҳз ба ҷавонон вобаста аст.
Дар анҷуман аз донишгоҳҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ зиёда аз 20 нафар профессор-омӯзгорон, донишҷӯёни зиёда аз 10 донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон иштирок карданд ва ба ҳамсолони худ дарсҳои маҳорат гузаштанд.
— Имрӯз ба ҷавонон барои аз бар намудани донишҳои илмӣ-фаннӣ, техника, меъморӣ ва тиббӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, — гуфт яке аз ташкилотчиёни анҷуман, нафаре, ки бори аввал дар Ӯзбекистон дипломи DELTA-ро ба даст овард — Муҳаммадхон Солиев. — Барои дар асоси дастурҳои таълимии ҷаҳонӣ сабақ гирифтани онҳо низ шароитҳо муҳайё мебошанд. Дар анҷумани мазкур ҷавонон метавонанд лоиҳаҳои худро пешкаш намоянд ва бо дӯстони худ, ки дар муассисаҳои таълимии олии хориҷа таҳсил мегиранд, мубодилаи афкор кунанд.
Ғайр аз ин, дар давоми анҷуман тақдимоти лоиҳаи «Robo Arm», ки аз ҷониби Маҳмуд Ҳамроев ва Саидафзал Шукров сохта шуда, ба воситаи интеллекти сунъӣ идора карда мешавад, гузаронида шуд.
Дар охир, бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳҳои маҳаллӣ ва донишгоҳҳои Johns Hopkins, Cornell University, New York University-и ИМА, Hong-Kong University-и Хитой va Constructor University-и Олмон сӯҳбати мизи мудаввар ташкил карда шуда, дар он масъалаҳои роҳандозии сохтори таълим дар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ гардид.