Қарори ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов аз 21-уми июни соли 2024 «Дар бораи даъвати сессияи садуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум», имзо гардид.
Мувофиқи қарор сессияи садуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 28-уми июни соли 2024 даъват карда шуд.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шудааст:
– ахбори сарвари Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят аз рӯйи ҳисоботи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2023;
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ.Тӯхтаев аз рӯйи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21-уми феврали соли 2024 “Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» таҳти рақами ФП-37 дар вилоят;
– ҳисоботи сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ш.Эшонқулов аз рӯйи корҳое, ки бобати таъмини иҷрои Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030” амалӣ мегарданд;
– ҳисоботи сарвари Садорати варзиши вилоят Ш.Рӯзиев дар бораи корҳое, ки бобати афзунсозии фарогирии шуғли ҷавонон бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилоят;
– дар бораи ба таъхир гузоштани муддати пардохти андози амвол, андози замин ва андоз барои истифодаи захираҳои обӣ аз тарафи шахсони юридикӣ;
– дар бораи рухсат додан барои баррасии материалҳои тақдимотӣ ва гузаронидани муҳокимаи кушод бо мулкдорон бобати истифодаи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷи ҷамоатӣ;
– дар бораи таъсиси минтақаи хурди саноатии ноҳияи Самарқанд;
– дар бораи ташкили технпарки саноатии хӯроквории назди минтақаи хурди саноатии “Ҷурият”-и ноҳияи Ҷомбой;
– дар бораи пазируфтани миқдори нархҳо(тарифҳо)-и корхонаҳои таъминоти гармӣ барои хидматҳои таъминоти гармӣ ба аҳолии шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Нуробод;
– дар бораи ба тартиб андохтани муносибатҳои ба хориҷа баромадани депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва кормандони котибият;
– дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
– дар бораи тасдиқ кардани рӯйхати нахустини манзилноки таҳиягардида аз рӯйи ривоҷдиҳии инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии вилоят дар соли 2025;
– дар бораи тасдиқи нишондиҳандаҳои мақсадноки моҳ ба моҳи барномаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ва кумак ба таъмини шуғли аҳолии вилоят дар соли 2024;
– дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят.
