Пресс-тур
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии хизмати дархостгарӣ ба роҳҳои минтақавии Самарқанд барои журналисту блогерҳо пресс-тур ташкил карда шуд. Он аз дидани пул-кӯпруки 330 метраи болои Оқдарё, ки шаҳраки Ширинро бо шаҳри Самарқанд мепайвандад, оғоз ёфт. Маълум гардид, ки сохтмони пул соли 2022 оғоз ёфта, ҳоло идома дорад. Пул соли 2026 ба истифода супурда мешавад.
Кӯпруки нав роҳи байни шаҳраки нав ва Самарқандро тахминан 30 километр кӯтоҳ месозад.
Дар шаҳри Самарқанд ҳам инфрасохтори роҳҳо сол аз сол беҳ мешавад. Ин дар мисоли давраи дуввуми таъмири роҳи байни Регистону Панҷакент ҳам бараъло намоён мегардад. Дар ин ҷо ба масофаи 2,3 километр (аз ҳалқаи Тайлоқ то чорроҳаи маҳаллаи Раҷабамин) роҳҳо наву азнавсозӣ карда мешаванд. Барои ин гуна корҳо 57 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
— Ҳангоми таъмиру азнавсозӣ мо, пеш аз ҳама ба сифати кор аҳамияти калон медиҳем, — гуфт ҳангоми сӯҳбат мудири лабораторияи ҶММ «NEW TECH Samarkand» Ҷамол Раҳимов. — Баъди ба охир расидани корҳои заминӣ ба баландиҳои муайян қуму шағал хобонидаву шибба ва баъд асфалт карда мешавад. Бари ин роҳ 14 метрро ташкил мекунад. Дар ҳар самт гузаштани дуқатории нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ҳар ду тарафи роҳ лоток — ҷӯйҳои бетонӣ гузошта мешаванд. Инчунин, бунёди сабза, пайроҳаи пиёдагард ва роҳи велосипедронӣ дар нақша аст.
Роҳсозон корҳои худро мувофиқи лоиҳа пеш мебаранд. Кори ҳаррӯзаи онҳо зери назорати қатъӣ аст.
Ҳангоми азнавсозӣ ва васеъ кардани роҳ мувофиқи лоиҳаи пешакӣ вайрон кардан ва ё гирифтани ягон қисмати хонадони мардум пешбинӣ нашудааст.
— Дуруст аст, ки баъзан ба муаммоҳо рӯ ба рӯ мешавем, — гуфт сарвари қитъа Илҳом Яхшибоев. — Дар ин хел вазъиятҳо муомила мекунем. Ҳангоми кор ягон дарахт халал расонад, ҷӯй ва ё лӯлаи кӯҳнаи обе барояд, моҳияти масъаларо мефаҳмонем ва онҳо розӣ мешаванд. Агар масъалаи пешомада бо ягон шахси нодору камтаъмин вобаста бошад, онро аз ҳисоби худамон ҳал мекунем. Умуман гирем, қариб тамоми мардуми ду тарафи кӯча аз васеъшавӣ ва асфалтхобонии мо миннатдоранд. Барои ин хел ғамхориҳо ба Президентамон ташаккурҳо мегӯянд.
М.ҶУМЪАЗОДА
