Ислоҳоте, ки ба ташаккули симои нави Ӯзбекистон нигаронида шудааст, босуръат идома дорад. Бо ин мақсад, имрӯз дар ҳама соҳаҳо шаффофият ва ошкороӣ таъмин мегардад. Азбаски имрӯз ба фаъолияти идора ва мақомоти давлатӣ дар асоси натиҷаҳои мулоқот бо халқ, ҳалли мушкилоти мардум, фароҳам овардани шароитҳои хуби корӣ ва зиндагӣ баҳо дода мешавад, дар ҷомеа мавқеи воситаҳои ахбори оммавӣ, бахусус, матбуот торафт мустаҳкам мегардад.
Ба ин маъно, рӯзномаву маҷаллаҳо чун оинаи ҷомеа, манбаи боэътимоде, ки воқеиятро дар асоси далелҳои раднопазир, бо факту асноди амиқ ва равишҳои таҳлилӣ акс мекунад, мавқеи бештар пайдо менамоянд. Дар ин самт бешубҳа, дар радифи нашрияҳои чопии ҷумҳуриявӣ, газетаву маҷаллаҳои вилоятӣ низ мақом, мавқеъ, овоз ва ҷойгоҳи худро доранд.
Ҳоло дар вилоятамон 36 то нашри чопӣ — газетаю журналҳо интишор мегарданд. 3 рӯзномаи вилоятӣ, 16 то шаҳриву 7 нашрияи хусусӣ, 3 рӯзномаи шабакавӣ аз ин ҷумлаанд. Инчунин, 5 маҷаллаи илмӣ ва 2 адабию бадеӣ дастраси хонандагон мегардад.
Ғайр аз ин, Ширкати симо ва садои вилоят, 10 нашри оммавии интернетӣ, 6 то нашриёти хусусӣ фаъолият доранд.
Ин рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ чун оинаи равшани ҳаёт, ситораи роҳнамои тараққиёт, манбаи муҳими маълумоту иттилоот мардуми вилоятро аз ахбори нав ва муҳими кишвар хабардор мекунанд.
Дар саҳифаҳои онҳо тарзи ба худ хоси зиндагии мардуми вилоят, рӯҳияи замон, сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию маърифатии давлатамон, фикру андеша, мақсаду умеди хонандаҳо, бо як сухан, симои нави Ӯзбекистон инъикос меёбад.
Хулоса, дар системаи журналистика корҳои шоистаи таҳсин анҷом дода мешаванд.
Мухбири рӯзнома.
ИНЪИКОСГАРОНИ СИМОИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ
