Рӯзи 25‑уми июн дар Самарқанд Фестивали ҷаҳонии ҷавонон‑2024 оғоз гардид.
Дар ин чорабинӣ, ки 15 лоиҳаро дар бар мегирад, беш аз 700 нафар ҷавонон аз 92 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ҷавонони ҳар кишвар андешаҳои худро муаррифӣ мекунанд.
Рӯзи 26‑уми июн дар маҷмааи Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд маросими ифтитоҳи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон‑2024 баргузор шуд.
Аз ҳамон рӯз тадбирҳои фестивал дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Тошканд ва Ҷиззах идома меёбад.
Қабл аз Фестивали ҷаҳонии ҷавонон директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев бо роҳбарони созмонҳои ҷавонони як қатор кишварҳо мулоқотҳо доир намуд.
Дар маҷлиси умумии фестивал Алишер Саъдуллоев ба иштироккунандагон дар бораи имкониятҳое, ки барои ҷавонони Ӯзбекистон фароҳам гардидаанд, нақл кард.
— Дар мамлакати мо ду ташкилоте амал мекунад, ки ба муттаҳид шудани ҷавонон ва намоён кардани истеъдоди онҳо хизмат мекунад, — гуфт А. Саъдуллоев. — Онҳо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Агентии кор бо ҷавонон мебошанд. Бо ташаббуси ин ташкилотҳо бисёр лоиҳаҳо татбиқ мешаванд. Танҳо ба озмуни «Китобхони ҷавон» зиёда аз 4 миллиону 700 ҳазор нафар писарону духтарон иштирок намуда, ба 20 нафари онҳо автомобил тӯҳфа карда шуд.
Ҷашнвора ба майдони табодули афкор, муоширати муассир ва вохӯриҳои беназири фарҳангӣ табдил ёфта, ҳадафи ин чорабинӣ муттаҳид кардани ҷавонони тамоми ҷаҳон ба сӯи мақсадҳои муштарак, аз қабили созиш ва ҳамкорӣ, сулҳу рушд мебошад.
— Бисёр хушҳолам, ки дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок мекунам, — гуфт Екатерина Тӯхтарова аз Қазоқистон. — Ман намояндаи ҷамъияти волонтёрони «Меҳрибонлик» ҳастам. Ташкилоти мо 20 сол боз фаъолият дорад ва ба маъюбон бо роҳҳои гуногун кӯмак мерасонад. Мақсади мо дар фестивал дӯстони нав пайдо кардан ва бо онҳо мубодилаи афкор намудан мебошад. Ҳамроҳи ман 50 нафар намояндагони ҷавонони Қазоқистон ба Самарқанд омаданд, ки ҳар кадоми онҳо дар пешравии ин ё он самти ҷомеа саҳмгузоранд.
Дар доираи форум ҷамъомади умумии Форуми глобалии таълим бо иштироки донишгоҳҳое, ки дар рейтинги «TOP‑500» қарор доранд, гузаронида шуд.
Форумро ҷонишини вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Сарвархон Бузрукхонов ифтитоҳ намуд.
Дар доираи фестивали мазкур рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои таълим, инноватсия, IT, тиҷорат, васоити ахбори оммавӣ, фарҳанг, санъат ва варзиш низ баррасӣ гардид.
Инчунин, дар доираи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Самарқанд форуми ҷавонони Созмони ҳамкории исломӣ низ гузаронида шуд.
Форум бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ин созмон бо тиловати Қуръон оғоз шуд.
Ҷонишини раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон Зайниддин Эшонқулов, ректори Академияи байналмилалии исломии Тошканд Уйғун Ғафуров ва ҷонишини сардабири Созмони ҳамкории исломӣ Тариқ Алӣ Бахит ба кори форум муваффақият таманно намуданд.
— Президенти Ӯзбекистон дар самти сиёсати ҷавонон корҳои хубе анҷом медиҳад, — гуфт Тариқ Алӣ Бахит. — Пеш аз ҳама, дар пойдор гардондани сулҳу осоиш, ҳифзи саломатии инсон, инчунин дар пешрафти иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳо нақши ҷавонон бебаҳост. Ҳадафи чорабинии имрӯза низ табодули таҷриба дар ин самтҳо ва баланд бардоштани фаъолияти ҷавонони тамоми ҷаҳон дар ин замина мебошад.
Мақсадҳои муштарак ҷавонони ҷаҳонро дар Самарқанд ҷамъ овард
