Ovozi.uz

ИМСОЛ СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН — 2030» ЧӢ ХЕЛ ИҶРО МЕШАВАД?

Рӯзи 28‑уми июни соли 2024 сессияи садуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро С. Усмонов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ карданд. Сипас, ҳисоботҳоро шуниданд.
Ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ. Тӯхтаев ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21‑уми феврали соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатӣ роҷеъ ба амалӣ кардани стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» дар соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» таҳти рақами ФП‑37 бахшида шуд.
— Дар ин барномаи давлатӣ дар 5 самт иҷрои чораҳо иборат аз 100 мақсад ва 312‑то вазифа фаро гирифта шудааст, — гуфт Ҳ. Тӯхтаев. — Барои гузарондани таҷриба аз рӯи роҳандозӣ намудани тартиби нави баҳогузорӣ ба дониши донишомӯзон 68 мактаби вилоят ба тариқи санҷиш интихоб карда шудаанд. Инчунин, дар ҳар шаҳр ва ноҳияи вилоят 5‑тогӣ, ҳамагӣ 80‑то мактаб барои ба касб омӯзондани донишомӯзон пешбинӣ гардидаанд. Барои бо ҷиҳози зарурӣ таъмин кардани ин мактабҳо 4 млрд. 485 млн. сӯм ҷудо карда шуд ва аз ҳисоби ин маблағ мактабҳои мазкур бо асбобҳо ва ашёи хом таъмин мешаванд.
Дар 80‑то мактаби мазкур аз рӯи 14‑то самт дар 292‑то маҳфил ба 3909 нафар донишомӯзони синфи 10 касбу ҳунар меомӯзанд.
Барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ низ шароитҳои таълим боз ҳам беҳтар мешаванд. Дар соли 2024 бар асоси шарикии давлатӣ — хусусӣ сохтмони 7‑то хобгоҳи донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст. Пас аз ба истифода супурдани онҳо дар хобгоҳҳо 2750‑то ҷойи нав омода мегардад.
Дар моҳҳои январ-майи соли 2024 барои саривақтӣ муайян намудани бемории саратони бези сина дар 11684 нафар занон санҷишҳои скринингӣ гузаронда шуданд. Дар натиҷа 468 нафар бемор бо ташхиси бемории пеш аз саратон табобат гирифт.
То охири соли 2024 дар 278976 нафар занҳо гузарондани скрининги бачадон ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади пурзӯр намудани кафолати ҳуқуқи муроҷиат намудани шахсони ногироидошта рӯйхати манзилноки 3256 нафар шахси ногиро доштаро ташаккул дода, ба маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон» фиристоданд.
Имсол ба шахсони ногироидошта мувофиқ кардани 35‑то чорраҳа, 17‑то кӯчаи марказӣ ва 50 объекти соҳаи иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади пурзӯр намудани ҳимояи иҷтимоии ҷавонон, кам кардани дараҷаи бекории онҳо то анҷоми соли равон, дар самтҳои гуногун таъмин кардани шуғли 45 ҳазор нафар ҷавононро ба нақша гирифта шудааст. Таъмини шуғли онҳо дар ду самт — таъмини шуғли ҷавононе, ки ба «Баланси ҷавонон» дохил карда шудаанд ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ба бозори меҳнат омадаанд — таъмин карда мешаванд.
Дар натиҷаи барӯйхатгирӣ ҳамагӣ 14418 нафар ҷавонони тоифаи «вазнин» муайян гардиданд. Бо мақсади омӯхтан ва ба таври мусбӣ ҳал намудани муаммоҳои ин ҷавонон онҳо ба роҳбарони дараҷаи вилоят, шаҳр ва ноҳия вобаста гардиданд.
Аз оғози сол то имрӯз ҳамагӣ 10624 нафар ҷавонро ба рӯйхати «Дафтари ҷавонон» дохил карданд.
Барои ба чорабиниҳои оммавӣ ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, шахсони ногироидошта ва пиронсолон мусобиқаҳои гуногун, аз қабили «Авлоди баркамол авлод», «Лигаи донишҷӯён», «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ва ғайра ташкил карда мешаванд.
Дар натиҷаи ин варзишгарони мо муваффақиятҳои назаррасро ба даст меоранд. Мисол дастаи мунтахаби ҷавонони вилояти мо дар зинаи вилоятии мусобиқаи «Баркамол авлод» 137 хол ҷамъоварӣ карда, дар ҳисоби умумӣ соҳиби ҷойи аввал шуданд.


Сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактаби вилоят Ш. Эшонқулов дар ҳисоботи худ роҷеъ ба иҷрои стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» дар вилоят таъкид кард, ки дар сохтмони 4‑то мактаби нав ва тармим (реконструксия)-и 90 мактаби таълими умумӣ муайян шудааст. Инчунин, ҳоло ба ривоҷдиҳии таълими умумии миёна ҷалб кардани сектори хусусӣ ба воситаи платформаи а/е — ауксион. Уз/ барои сохтмони муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ 5,1 га. қитъаҳои замин ба савдои электронӣ бароварда шудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Оқдарё ва Ургут 3‑тогӣ, Каттақӯрғон 2‑то, Қӯшработ Ҷомбой, Пайариқ, Пастдарғам ва шаҳри Самарқанд 1‑тогӣ қитъаҳои заминро ба музояда гузоштаанд.
Ба воситаи васеъ намудани лоиҳаи «Як миллион барномасоз» дар он иштироки 8934 нафар ҷавони боистеъдод таъмин гардид.
Ҳоло дар назди садорат вазифаи иҷрои саривақтӣ ва сифатноки ислоҳотҳо роҷеъ ба таълими томактабӣ ва мактабӣ дар соли 2024 қарор дорад. Иҷрои онҳо бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11‑уми сентябри соли 2023 «Дар бораи стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» таҳти рақами ФП‑158 ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои дар соли 2023 босифат ва саривақтӣ амалӣ кардани стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» амалӣ карда мешаванд.
Дар сессия масъалаҳое аз қабили:
— дар бораи тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 4‑уми июни соли 2024 «Дар бораи сабукдӯш кардани ҷонишини ҳокими вилоят доир ба сайёҳӣ, спорт, маданият, мероси маданӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ Қобилов Рустам Раҷаббоевич аз вазифа» таҳти рақами 141–7–0-К/24;
— Дар бораи тасдиқ кардани қарори ҳокими вилоят аз 4‑уми июни соли 2024 «Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят доир ба сайёҳӣ, спорт, маданият, мероси маданӣ ва коммуникатсияҳои оммавӣ таъин намудани Қобилов Рустам Раҷаббоевич» таҳти рақами 143–7–0-К/24;
— ахбори сарвари Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б. Мирзоев аз рӯйи ҳисоботи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои буҷети маҳаллии вилоят дар соли 2023;
— дар бораи ба таъхир гузоштани муддати пардохти андози амвол, андози замин ва андоз барои истифодаи захираҳои обӣ аз тарафи шахсони юридикӣ;
— дар бораи рухсат додан барои баррасии материалҳои тақдимотӣ ва гузаронидани муҳокимаи кушод бо мулкдорон бобати истифодаи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷи ҷамоатӣ;
— дар бораи таъсиси минтақаи хурди саноатии ноҳияи Самарқанд;
— дар бораи ташкили технопарки саноатии хӯроквории назди минтақаи хурди саноатии «Ҷурият»-и ноҳияи Ҷомбой;
— дар бораи ба тартиб андохтани муносибатҳои ба хориҷа баромадани депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва кормандони котибият;
— дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.